Ёдбуди Муродуллоҳ Шерализода
Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар толори Маҷмааи «Шарқи Озод» маҳфили ёдбуди Муродуллоҳ Шерализода, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, вакили Шӯрои олии Тоҷикистон оғоз гардид.Чорабинӣ бо ташаббуси рӯзномаҳои «Садои мардум», «Тоҷикистон», Иттифоқи журналистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО баргузор гардид. Дар чорабинӣ Қаҳхор Маҳкамов, аввалин Президенти Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигарон ширкат доштанд.Маҳфилро Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» оғоз намуд.Қаҳҳор Маҳкамов, президенти нахустини Тоҷикистон дар чорабинӣ бахшида ба 70-солагии Муродуллоҳ Шерализода гуфт: «Касе ӯро куштааст, Худо мезанад, агар то ҳол назадааст. Муродуллоҳ Шерализода инсони пок буд. «Аз куштани ӯ дида, гуноҳи бузург набуд».Хайриннисо Юсуфӣ, вакили Парлумони Тоҷикистон низ Муродуллоҳ Шерализодаро «аввалин шаҳиди ҷанги бемоя» номид: «Агарчи шамъи ҳаёти ӯ хомӯш шуд, шамъи ёдаш то абад фурӯзанда мемонад.»Маҳмадшариф Бобошода, ёрдамчии Президент гуфт: «Муродуллоҳ Шерализода миёни мардум соҳибэҳтиром буд. Мо аз шодравон Муродуллоҳ одобу ахлоқ, инсонгариро омӯхтем» .Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар маҳфил зикр намуд: «Он рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро мо бояд фаромӯш накунем. Шахсиятҳои шинохта қурбонии ин ҷанги шаҳрвандӣ шуданд. Муродуллоҳ Шерализода инсони бофарҳанг буд. Саҳми Муродуллоҳ дар рушди журналистикаи тоҷик назаррас мебошад». Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти нашрияи мустақили «Тоҷикистон» ва нашрияи парлумонии «Садои мардум» эълон карданд, ки ҷоизаеро ба номи Муродуллоҳ Шерализода созмон додаанд. Ин ҷоиза аз 5 ҳазор сомонӣ иборат буда, ҳар сол ба онҳое дода мешавад, ки кори вакилони парлумонро бозтоб медиҳад.Ёдовар мешавем, ки Муродуллоҳ Шерализода, сардабири аввалини нашрияи “Садои мардум” 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои олӣ — Парлумони Тоҷикистон кушта шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






