ҲХДТ мавқеи худро устувортар мегардонад

Май 28, 2015 13:51

 
          Душанбе, 28.05.2015.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳизби халқи демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ мавқеи худро дар ҷомеа дар партави сиёсат ва дастуру супоришҳои Сарвари муаззамаш Эмомалӣ Раҳмон тақвият мебахшад». Ин матлаб имрӯз зимни баргузории маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, ки дар Душанбе таҳти раёсати Фаттоҳзода Саидмурод-муовини якуми раиси ҲХДТ доир гардид, зикр шуд.  
    Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маҷлис натиҷаҳои интихоботи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардид. Дар иртибот ба ин масъала раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ  дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ҷонибек Қозибеков, Хатлон Ализода Аҳмадҷон, Суғд Сарфароз Юнусов, шаҳри Душанбе- Ҷамшед Саидов ва ноҳияи Рашт Раҳматҷон Маҳмадов гузориш доданд. Зикр шуд, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар-интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ намояндагони ҲХДТ бо мақсади таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдат, сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар корҳоии назаррасро ба сомон расониданд.
    Назар ба иттилои  Ҷонибек Қозибеков — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Бадахшон агар дар интихоботи парлумонии соли 2010 ба ҷонибдории ҲХДТ 74,1 % раъй дода бошанд, ин омор дар интихоботи парлумонии соли 2015 80,1% -ро ташкил медиҳад, ки ин аз муттаҳидии мардум дар атрофи Сарвари ҲХДТ -Эмомалӣ Раҳмон, ки  бо ақидаҳои дурандешонааш дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши бузург дорад, шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дар баробари тавзеҳи натиҷаҳои баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, инчунин роҷеъ ба иқдомҳои наҷиби аъзои ҲХДТ дар тозагию ободонӣ ва ҷараёни корҳои  созандагию бунёдкорӣ дар вилоят  ибрози назар намуд. 
     Дар маҷлис ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими мавқеи ҲХДТ, робитаи он бо ҷомеа  табодули назар шуд. Зикр гардид, ки ҲХДТ бояд ҳамкориро бо вазорату идораҳои кишвар таҳким бахшида, дар ҳалли  масоили мубрами ҷомеа, хусусан нисбат ба авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши бориз дошта бошад. 
      Бояд тазаккур дод, ки нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон  бузург буда, он 10 декабри соли 1994 таъсис дода шуда, Сарварии онро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба уҳда дорад. 
             Назар ба иттилои Абдураҳим Шоев- мудири  бахши омор ва баҳисобгирии дастгоҳи марказии ҲХДТ, алҳол ҲХДТ дар сафи худ беш аз 255 ҳазор нафарро дар  4 ҳазору 250 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид менамояд, ки аз он 113 ҳазор нафарро занон  ва 98 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, ҲХДТ дар Хатлон 107 ҳазор нафар, Суғд 75 ҳазор нафар, Душанбе 34 ҳазор нафар ва дар Бадахшон 9  ҳазор аъзо дорад. Абдураҳим Шоев афзуд, ки алҳол ҲХДТ саъй дорад, ки шасхони сазовору арзанда ва барӯмандро ба сафҳои худ ҷалб намояд, то ҳадафҳои барномавии ҲХДТ -ро дар маҳалҳо татбиқ карда тавонанд.

 
 

Май 28, 2015 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст