Ҳуқуқҳои занонро ҳимоя менамоем
Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мақоми зан дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои оилавӣ дар замони муосир» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам-Абӯҳанифа бини Собит, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои «Ҳимояи ҳуқуқи занон тибқи қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои занон», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурезагон: таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар ин самт», «Нақши модар дар омӯзиш ва парвариши фарзанд», «Нақши модар дар тарбияи духтар», «Баъзе мушкилоти ҳуқуқии ақди никоҳи хешутаборӣ ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






