Ҷаласаи саҳмдорони НБО «Роғун» дар назди Сарвазир
Душанбе, 22.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд.
Дар маҷлиси умумии саҳмдорон нахуст ҳисоботи солона ва ҳисоботи баҳисобгирии муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2014, хулосаи аудитори ҷамъият ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, аз тариқи овоздиҳӣ ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун» тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Ҳамчунин дар маҷлис доир ба интихоби аъзои Шўрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи баҳисобгирии ҶСК «НБО Роғун» ва дар хусуси зиёд намудани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ аз тариқи бюллетенҳо овоздиҳӣ гузаронида шуд.
Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Шўрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Дар маҷлис аъзои Шўрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти неругоҳ, ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






