Асли такфири исломӣ ва нақши озодандешӣ дар худшиносии миллӣ

Май 7, 2015 10:53

Душанбе, 7.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раванди босуръат густаришёбандаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба авҷи тараққиёти илму техника ва маънавиёту фарҳанг расонидааст. Ҷаҳони мутамаддин ба фаъолияти созандаву пўё машғул аст, вале, мутаассифона,ҳамагон шоҳиданд, ки аксари кишварҳои мусулмонӣ дар вартаи нооромиҳо, ҷангу куштор гирифтор мебошанд. Исломи сиёсӣ пас аз солҳои 70-уми асри XX ба марҳилаи сифатан нави худ – бунёдгароӣ (фундаментализм), ки реша ва замина дар марҳилаҳои қаблии таҳаввули худ, дар шароити иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои мусулмонӣ, самараи дилхоҳ надодани лоиҳаҳои гуногуни низоми исломии як силсила кишварҳо, дахолати абарқудратҳои ҷаҳон  ва ниҳоят дар таълимоти худи ислом дорад, ворид шуд.
Раванди бунёдгароӣ дар тўли таърих бештар барои манфиатҳои сиёсӣ истифода шуда, самараи он ҳамеша нигоҳи ифротӣ ба тағйиру таҳаввул, пешрафту тараққиёт, бидъат ва куфр эълон кардани ҳама гуна ақида ва назарҳои ғайр будааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин самт ҳар яке аз фирқаву равия ва мазҳабҳои исломӣ худро дар роҳи дин содиқтар аз дигарон ва пайравони аслии паёмбари ислом ва салафи солеҳин медонанд. Барои исботи даъвояшон ҳадисеро низ далел меоранд, ки мувофиқи он аз 73 фирқаи мусулмонон танҳо якеаш ростин аст.
Баррасии омилҳои афзоиши иттиҳом ба такфир, эҷоди монеа ба озодандешӣтавассути чунин ақидаҳои ифротии ба ном исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба дарки дуруст, муносибати саривақтӣ ва ҷавоби зарурӣ барои пешгирии онҳо кумак хоҳад расонд.
Озодандешӣ аз сифатҳои волои инсони комил, пўё ва бедору ҳушёр аст. Ҳамчун истилоҳ озодандешӣ ҷараёнест дар афкори иҷтимоӣ, ки пой фаротар аз доираи шариати динӣ гузошта, тафаккур ва таъаққул роҷеъ ба ҳақоиқи динӣ, озодии андеша барои дарёфти ҳақиқатро болотар аз ҳама медонад. Худоситезӣ, шаккокӣ, танқиди рўҳоният, бетафовут будан нисбат ба дин, нигилизм, атеизм, гуманизми дунявӣ намудҳои маъмул ва асосии озодандешӣҳастанд. Аммо, мо ин ҷо ба таври умум ҳама гуна андешаи озод аз қайду банди назари хурофотии диниро дар таърихи ислом ва имрўз,ки бо далелу мантиқ мусаллаҳ бошад, таҳти мафҳуми озодандешӣ дар назар дорем.
Истилои кишварҳову минтақаҳо аз ҷониби арабҳо бо баҳонаи густариши ислом, одилона муносибат накардан на танҳо бо ғайримусулмонон, балки бо мусулмонони ғайриараб, кўшиши аз байн бурдани арзиш ва анъанаҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маҳаллӣ, махсусан дар миёни мардуми тоҷику форс, ки дорои тамаддуни чандҳазорсола буданд, ба пайдоиши ҳаракатҳои гуногуни муқовимат дар шаклҳои шуубия, қарматия, тасаввуф ва минбаъд мактабҳои каломиву фиқҳӣ оварда расонд. Тамаддуни пурғановати исломӣ, ки имрўзҳо мо аз он ифтихор дорем, яке аз сабабҳояш ҳамин муқовимати пассивона ё арзишу анъанаҳои худро дар ислом маҳлул намудани халқу миллатҳои гуногуни Хилофат буд. Дар ин раванд нақши бештар ва аз ҳама асосиро, бешубҳа, мардумони тоҷику форс бозидаанд. Вале мутаассифона, аксари шахсиятҳои тамаддунофари давраи таърихи исломии мо дар замони худашон ё баъдҳо аз таъқиботи рўҳониёни мутаассибу зархаридони ҳамон давраи Хилофат ранҷ кашида, як умр дар фирору азиятҳо, бо иттиҳом ба куфр кору эҷод кардаанд. Ёдоварии исми ҳамаи онҳо саҳифаҳои зиёдеро пур мекунад. Инҷо мехоҳам фақат чанд номеро зикр намоям: Ибни Муқаффаъ ё Рўзбеҳ, Башшор ибни Бурди Тахористонӣ, Ибни Ровандӣ, Абўбакри Розӣ, Абўҳаёни Тавҳидӣ, Абўалои Мааррӣ, Рўдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоҷ…
Рубоии машҳури Сино худ баёнгари амали ноҳақи такфир аз ҷониби мутаассибони давр аст:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Чунин мисолҳоро дар адабиёти классикии мо зиёд метавон пайдо кард.
Ҷаҳолату нодонӣ, тоби муқовимат надоштан ба далелҳои устувори илмӣ, қабул карда натавонистани андешаи дигар ва ҳама гуна навоварӣ, ки ҳатто ба дин ҳеҷ дахле надорад, ҳамчунин фақр ва ниёзи молӣ низ метавонанд шахсро ба такфиргароӣ бибаранд.
Пас маълум шуд, ки такфиргароӣ ҳамчун натиҷаи ниҳоии бунёдгароӣ ва ифротгароӣ падидаи хатарноку тамаддункуш мебошад ва имрўзҳо таъсири он афзуда истодааст. Ҳоло бубинем,моҳияти ин асл ва амал чист ва заминаҳои ақидатии он кадомҳоянд?
Такфир дар ислом муттаҳам намудан ба куфр (беимонӣ) мебошад. Маънои луғавии калимаи куфр дар забони арабӣ «пўшонидан» ё «ниҳон кардан» аст. Дар шариати исломӣ ин истилоҳ берун шудан аз имон ё надоштани имонро ифода мекунад. Иттиҳом ба куфр бештар нисбат ба худи мусулмононе, ки бо якдигар ихтилофи назар пайдо мекунанд, истифода бурда мешавад, зеро ба ақидаи мусулмонон ҳар кӣ аз ислом нест, бидуни қайду шарт кофир аст, ҳатто агар аз аҳли Китоб (яҳудӣ ва масеҳӣ) бошад, зеро динҳои аҳли Китоб бо омадани дини ислом мансух гаштаанд. Аввалин сарпечӣаз назари умум ва иттиҳом ба куфр намуданро дар ақида ва назари намояндагони хавориҷ мушоҳида мекунем. Онҳо дар ҳамин замина ба муқобили халифаи чаҳоруми мусулмонон — Алӣ ибни Абўтолиб бархостанд ва ўро ба куфр айбдор карданд. Дар масъалаи нишонаҳои зоҳирии гузариши инсон аз имон ба куфр баҳс миёни фирқаву ҷараёнҳои мухталифи исломӣ хеле зиёд аст ва дар аксари мавридҳо назари онҳо хилофи ҳамдигаранд. Аҳли суннату ҷамоат мўътақиданд, ки мусулмони содиркардаи гуноҳи кабира кофир намешавад, балки мусулмони фосиқ маҳсуб меёбад. Онҳо танҳо касеро кофир медонанд, ки мункири Аллоҳ, нубувват, яъне яке аз паёмбарони дар Қуръону ҳадисҳо зикршуда ва худи Қуръон бошад. Мутобиқи ақидаи онҳо амали мўъминон ба имонашон, ки зиёд ё кам мешавад, вобастагӣ дорад. Ҳамин тавр, ба иҷмои аксари уламои исломӣ куфр ба ду намуд: куфри акбар ва куфри асғар ҷудо карда шудааст. Намуди аввал бештар ба олами ақидатии инсон, намуди дуюм ба амалу рафторҳои вай дахл дорад. Анҷом додани куфри акбар шахсро кофир мегардонад, вале куфри асғар ин гуноҳоне мебошанд, ки мувофиқи шариати исломӣ содир кардани онҳо наҳй гардидааст. Вале бо тавба ва ислоҳ кардани амали худ шахси мўъмин аз Худованд метавонад интизори бахшоиши гуноҳонашро дошта бошад. Калимаи куфр, ки дар ин робита дар забони арабӣ истифода шудааст, бештар маънои носипосӣ ва гиромӣ надоштани неъматҳои Худовандро ифода мекунад ва дар урфияти мо онро «куфрони неъмат» мегўянд. Дар ояти 112 сураи «Наҳл» калимаи «факафарат»  — «пас носипосӣ кард» ҷой дорад ва тарҷумаи тоҷикии ин оятро меорем, ки чунин аст: «Ва Худо достони деҳеро баён кард, ки эмину орамида буд, рўзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое ба ў меомад; пас ба неъматҳои Худо носипосӣ кард. Пас Худо ба сабаби он чи мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид». 
Такфир ба шакли ифротӣ бештар хоси аҳли хавориҷ буд ва ҳаст, махсусан фирқаи азрақияи он. Мўътазилиҳо шахси гуноҳи кабира содиркардаро на мўъмин ва на кофир, балки дар миёни ин ду ҷойгирифта медонанд ва барои ин таълимоти «манзилун байна-л-манзилатайн»-ро кор карда баромадаанд. Мурҷииён бошанд амали солеҳ ва гуноҳонро барои имон бетаъсир медонистанд ва мегуфтанд, ки кофир танҳо касест, ки аркони асосии исломро қабул надошта бошад. 
Ба таври умум баҳсҳо дар бораи амал ва суханоне, ки мўҷиби куфр мешаванд, аз ибтидои давраи ҳиҷрати паёмбари ислом Муҳаммад (с) то имрўз идома доранд. Худи паёмбари ислом дар ин робита ҳушдор дода буд. Дар ҳадисе ба нақл аз суханони Ҷарир (р) омадааст, ки ҳангоми ҳиҷҷату-л-видоъ паёмбар ба ў гуфт: «Ба мардум бигўй, ки ором шаванд ва бишунаванд!». Пас аз он гуфт: «Пас аз марги ман кофироне нашавед, ки сари якдигарро мебуранд!».  Аммо мутаассифона, амали такфир мисли маразест, ки қалби исломро аз дохил сироят кардааст ва ҳамин ҳадиси дар боло зикршударо метавон як навъ пешбинии паёмбар дар бораи уммати худ донист. Дар тўли таърихи ислом рўҳониёни мутаассиб, мўҳтасибу миршаб ва муфтиву қозиҳои зиёде будаанд, ки ба амали такфир даст мезаданд ва бештар аҳли илму фарҳанг, озодандешону равшанфикрон ба ин иттиҳом рўбарў мешуданд. Ҳатто замонҳое буда, ки мутаассибон дар даст асбоби махсус гирифта ба ҳар касе, ки рафтораш ба онҳо маъқул набуд, тамғаи кофириро бо оҳани сўзон дар бадани онҳо мезаданд. Имрўзҳо ҳам агарчӣ тарзи амали онҳо тағйир ёфтааст, вале ҳанўз ҳам ҷаҳолат, ҳамоқат ва тамаъҷўӣ (утилитаризм)-и онҳо ҳамон аст, ки буд. Бидуни шубҳа, даъвати аксари даъватгарони имрўза ба ислом ва исломгароӣ олуда ва ё омехта бо ҳадафҳои ба даст овардани мавқеияти сиёсӣ ё иқтисодӣ аст. Рўз аз рўз шумораи мусулмонон меафзояд, вале дар амал мо мебинем, ки ҳама ҳамдигарро ба куфру илҳоду бидъат муттаҳам мекунанд ва ин ҳама амалҳо ваҳдати мусулмононро аз байн бурдааст. Ҳар як мусулмон ё мусулмонтарош, мазҳабу гурўҳ ва фирқаҳои исломӣ ё ба ном исломӣ худро мусулмони воқеӣ ва дигаронро кофир меҳисобанд ва ин хилофи ояти қуръонист, ки мегўяд:
«Ҷуз ин нест, ки мўъминон бародарони якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад!». 
Дар ояти 94 сураи «Нисо» омадааст: «…касеро, ки ба шумо салом медиҳад, магўед ту мўъмин нестӣ».
Чун дар Қуръон ва ҳадисҳо оятҳову ривоятҳои гуногун дар бораи куфр мавҷуданд, ҳар кас ва ҳар гурўҳ онҳоро ба фаҳму манфиати худ тафсир кардааст.
Дар ҳадисе аз Имом Бухорӣ омадааст, ки: «расулуллоҳ (с) гуфт: «Муноқиша бо мусулмон гуноҳ аст, ҷанг кардан бо ў бошад — куфр»». 
Вале имрўзҳо такфириҳо оёту ривоёти зиёдеро барои амалҳои ваҳшиёнаи худ далел оварда, ба қатлу куштори мардуми мусулмон машғуланд. Маҳз ҳамин такфириҳои имрўзаи олами ислом, аҳли бидъатанд, зеро Имом Абўҳанифа мегуфт: «Яке аз хатогиҳои аҳли бидъат ҳамдигарро кофир хондани онҳост. Аҳсантарин равиши аҳли суннату ҷамоат ин аст, ки бо дидани хатогиҳо касеро ба куфр муттаҳам накунанд». 
Амали такфириҳо дар замони муосир аз он сарчашма мегирад, ки дар ибтидо онҳо ҳокимон ва сарони давлатҳоро такфир мекунанду ҳамчунин касонеро, ки ошкоро ба муқобили онҳо мебароянд. Тадриҷан дар миёни онҳо чунин гуфтугўҳое зиёд шуд, ки мувофиқи он «аз миёни ҳамаи онҳое, ки худро мусулмон меҳисобанд, аз се ду ҳиссаашон кофирон ва мушриконанд». Минбаъд ин шумора боз ҳам афзоиш ёфт. Онҳо ба зиндаҳо иктифо накарда даст ба тафтишу бознигарии осори уламои гузаштаи мусулмон заданд ва ҳар нуктаеро, ки ба ақидаи онҳо мувофиқ набуд, пайдо намуда, онҳоро низ ба куфр муттаҳам намуданд. Аз назари онҳо ҳатто ду олими мўътабари аҳли суннат ва ҷамоат, Ашъарӣ ва Мотуридӣ берун намондаанд. 
Бо овардани баъзе оёту ривоёт такфириҳо амали худро ҷоиз меҳисобанд. Вале бояд гуфт: нодуруст будани далелҳои такфириҳо ва маънии куллан дигар доштани онҳоро уламои воқеии исломӣ ба исбот расонидаанд ва шарҳи онҳо дар кутуби мухталифи тафосир, фиқҳию каломӣ мавҷуданд.
Хулоса, дар ҳар замону маконе озодандешӣ, озодии баён ва ақида, ақлгароиву илмият дар ҷаҳони ислом ҷой доштанд ва хоҳанд дошт, пешрафту тараққиёт, оромиву осудагӣ буд ва мешавад, вале ҳар гоҳ ва дар ҳар ҷое бунёдгароӣ, ифроту тафрит ва асли такфир реша давонда ва боло гирад, аз он замону он макон на танҳо худшиносии миллӣ, балки рушду тараққиёт, оромию осоиштагиро наметавон интизор дошт.
 
Виркан Музаффарпур, мутахассиси пешбари 
Маркази исломшиносӣ дар назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2015 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид