Баргузории “Намоишгоҳи сайёҳии Хуҷанд-2015”
Хуҷанд, 16.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май доир мегардад, баргузории чанд чорабинӣ дар назар аст. Тавре ки омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов иттилоъ дод, соли равон бори аввал дар миқёси вилоят бо ташаббуси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳамдастии Осорхонаи таърихии вилоятӣ дар муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангиву таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” — “Намоишгоҳи сайёҳии Хуҷанд-2015” доир мегардад. Мутобиқи нақшаи чорабинӣ дар он намояндагони тамоми ширкатҳои сайёҳие, ки дар миқёси шимоли кишвар фаъолият доранд, ширкат намуда, ҳозиринро бо фаъолияту пешниҳодоти сайёҳии худ ва ҳамзамон ҷойҳои таърихиву сайёҳии вилоят ошно хоҳанд намуд. Соли саввум аст, ки 18 май бо ташаббуси маъмурияти осорхона ва дастгирии раёсати фарҳанги вилоят дар осорхона чорабинии «Шабонгоҳ дар Осорхона» доир мегардад, ки ҳадафи асосии он ҷалби бештари тамошобинон, хосатан ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Соли равон маротибаи дуввум аст, ки дар назди бинои осорхона бо иштироки васеи аъзои клуби ҳаводорони мошинҳои коллексионӣ бо мақсади ошно намудани шаҳрвандон ва меҳмонон бо таърихи пайдоиши техника ва мошинҳои бароришашон аз солҳои 40 то охирҳои 80-уми қарни ХХ намоишгоҳ таҳти унвони “Хуҷанд-Ретро-Авто-2015”” гузаронида мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






