Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ “Ховар”). -Дирӯз, 12 майи соли 2015 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Олег Слижевский баргузор гардид.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуданд. Ба ҷараёни амалишавии мувофиқаҳои ҳосилшуда дар сатҳи олӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус дар моҳи майи соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки ба хотири густаришу таҳкими робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯст — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки беш аз 60 аҳдномаву созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Вазир иброз дошт, ки байни вазоратҳои адлияи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хайрхоҳона роҳандозӣ шуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, ки соли 2012 байни ду вазорат ба имзо расид, ба тамосҳо такони нав бахшид ва мавриди амал қарор дорад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






