Баррасии мушкилоти муҳоҷирон дар ҷаласаи Х Тоҷикистону Русия

Май 14, 2015 09:31

Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 27 то 29 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи Х -уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор мегардад.
Қарор аст дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  вазъият дар  соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, лоиҳаи Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия,  ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, ки мубодилаи иттилоотии шахсони манъшударо дар бар мегирад,  ҷараёни кори Гурўҳи кории кормандони мақомоти тарафҳо оид ба баррасии имконоти сафари 5  табақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати татбиқи вазъияти Протоколи байниҳукуматӣ аз 29 октябри соли 2013, ки иҷозати кориро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муҳлати се сол пешбинӣ намудааст, баррасӣ шаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа  ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
 
 

Май 14, 2015 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст