Беш аз 700 ҳазори шаҳрдорӣ ба иштирокдорони ҶБВ

Май 6, 2015 09:15

  Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе дар остонаи ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба  иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони имтиёзҳояшон ба онҳо баробар кардашуда,  716 ҳазору  100 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо намуд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ин маблағҳо ба нафарони мазкур на дертар аз 7 май расонида мешавад. 
         Аз ин маблағ ба 95 нафар иштирокчиву маъюби ҶБВ ва 3 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, ки дар Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷудо шудааст. Инчунин ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ, дар давраи  ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи  700 (ҳафтсад) сомонӣ дода мешавад. 
 
 

Май 6, 2015 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад