Фестивал-озмуни «Парасту-2015»
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 — солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов аз 15 то 19 июн дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2015» баргузор мегардад.
Фестивал-озмуни мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир мешавад.
Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии мазкур анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
Маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии фестивал- озмун 15 ва 19 июни соли 2015 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






