Хуҷанд: Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомӣ

Май 15, 2015 09:27

Хуҷанд, 15.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар қисми ҳарбии 3501 ВКД ҶТ “Рӯзи дарҳои кушод” доир гардид. Тавре ки сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов  иттилоъ дод,  чорабинӣ таҳти унвони «Ҷавонон-давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» бо мақсади шиносоии ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити хизмати сарбозону афсарон баргузор гардида, дар он 300 нафар ҷавон иштирок намуда, бо шароити хизмати сарбозон, ҷои хоб ва техникаҳои муосири ҷангӣ шинос шуд. 
Маҷмааи нави қисми низомии 3501 қӯшунҳои дохилӣ аз як бинои панҷошёна, як бинои дуошёна ва чандин биною иншооти дигар иборат буда, он ҳамчунин бо техникаи зарурӣ, яроқу аслиҳа, дигар лавозимоти муосири ҳарбӣ ва заминаи моддию техникии машқу тамрини касбӣ таъмин аст.
 
 
 

Май 15, 2015 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст