Ифтитоҳи маркази омӯзиши дӯзандагӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 15.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи раванди эҳёи ҳунарҳои миллӣ боз як маркази омӯзиши дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар роҳбари намояндагии бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, дирӯз бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо ҳамдастии бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Ҳумайнӣ дар назди хобгоҳи коллеҷи мазкур, ки дар он наздик ба 300 нафар ҷавондухтар иқомат дорад, се коргоҳи ҷадиди омӯзишӣ барои 35 нафар бону дар риштаи қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ба гуфти Ф.Ашурматов, ин иқдом дар пояи татбиқи иқдоми наҷиби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ амалӣ шуда, барои минбаъд баъд аз дарсҳо ба касбомӯзи машғул гардидани муҳассилини ин таълимгоҳ, аз ҷониби Кумитаи Имдод барои ин марказ 10 адад мошинаи дарздӯзӣ ва 10 адад дастгоҳи қолинбофии дастӣ эҳдо гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова ва роҳбари кумитаи занони раёсати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ роҳандозии маркази мазкурро дар соли оила фоли нек хонданд. Маъмурияти Коллеҷи омӯзгорӣ дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдод нақша доранд боз як коргоҳи ҷӯшкорӣ ва лӯлакаширо ба роҳ монда, ба ин васила дӯхтани либоси ягонаи донишҷӯёни донишкадаро ба роҳ монанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






