Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба иттилои довталабоне, ки ихтисосҳои самтҳои санъат, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва диниро, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро талаб мекунанд, интихоб намудаанд, мерасонад, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд.
Тибқи иттилои ММТ довталабон бояд пеш аз оғози имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат то 20 июни соли 2015 ба назди комиссияи қабули муассисаи таълимии интихобнамудаашон барои машварат ҳозир гардида, аз тартибу талабот ва нақшаи баргузории ин имтиҳонҳо огоҳ шаванд.
Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат бевосита дар муассисаҳои таълимии дахлдор пеш аз имтиҳонҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) аз 20 то 30 июн баргузор мегарданд. Тибқи тартиб ММТ рӯйхати довталабонеро, ки бояд чунин имтиҳонҳоро супоранд, дар доираи ихтисосҳои дахлдор ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамояд ва муассисаҳои таълимӣ дар асоси рӯйхатҳои пешниҳодгардида ҷадвали баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро тартиб дода, довталабони дахлдорро хабардор мекунанд. Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомиланд, дар сомонаи ММТ ҷой дода шудааст. Маълумоти заруриро дар бораи ин муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла нишонӣ ва шумораи телефонҳоро барои тамос метавонед аз рӯйхати мазкур дастрас намоед.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






