Иштироки паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 9-ум 10-уми майи соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки дар шаҳри Питешти Руминия баргузор мешавад, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов иштирок мекунад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудаши 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.
Хуршед дар ин мусобиқа дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Ҷопон (5-0-2) ҷойи дуюм ва тими мунтахаби Бразилия бо гирифтани панҷ нишон (2-1-2) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






