Кормандони ҳифзи ҳуқуқ курси таълимиро хатм карданд
Душанбе, 22.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 22 майи соли равон ҳафт корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористии Сафорати ИМА (Барномаи АТА) маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд.
Курси «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма» ба ташвиқу дастгирии ҳуқуқи инсон дар иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи шуъбаҳои корҳои дохилӣ вобаста буд. Инчунин иштирокчиён роҳҳои муқаррар намудани муносибатҳои самаранок бо ВАО ва истифодаи босамар аз шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтанд.
Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин шуъбаҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар курси мазкур тарзи бомуваффақият гузаронидани конфронси матбуотӣ ва идора намудани мусоҳиба бо намояндагони ВАО омӯхтанд.
Муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амният Трэй Ҳовертон иброз дошт, ки курси таълимии номбаршуда дуюм аз чор курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Мавсуф ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ барои майлу рағбаташон дар омӯхтани усулҳои беҳтар расонидани маълумот ба ҷомеа дар бораи кӯшишу талошҳояшон дар мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад ва дар натиҷа миқдори бештари кормандони корҳои дохилӣ аз малакаҳои дар курсҳои пешниҳодшудаи Сафорати ИМА баҳраманд шуда метавонанд.
Ёдрас мешавем, ки дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






