Курсҳои кутоҳмуддат барои кормандони соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).- Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) таваҷҷуҳ ба амнияту беҳдоштӣ дар ҷои кор ва маcъулияти иҷтимоиро дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боло мебарад.Тавре ки дар ин бора аз МТБ хабар доданд, ду давраи омӯзишӣ доир ба масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид. Баргузории давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт.Барои гузаронидани ин давраҳои омӯзишӣ мушовири байналмилали МТБ Оксана Герасимова ҷалб гардид. Бону Герасимова мегӯяд, қабл аз давраҳои омӯзишӣ ман аз корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дидан кардам. Ҳадаф аз ин боздидҳо баҳогузорӣ ба вазъи масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва вазъияти амниятиву беҳдошти ҳирфаӣ дар ин корхонаҳо буд. Пас аз мушоҳидаи вазъ дар ҷараёни боздидҳо ба корхонаҳо тавсияҳо додам ва ба суолҳояшон посух гуфтам. Барномаи давраҳои омӯзишӣ низ ниёзҳои корхонаҳои Тоҷикистон ба масъалаи мазкурро инъикос мекард. Гуфта мешавад, василаҳову унсурҳои асосии масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, нафъи иқтисодӣ аз фароҳам овардани шароити хуби корӣ, муошират ва ҳамкорӣ дар ҷои кор, баҳогузории хатар ва омилҳои хатар дар маркази диққат дар давраҳои омӯзишӣ буд ва дар анҷом як таҷрибаи амалӣ низ дар мавзӯи баҳогузории хатар гузаронида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






