Лифтҳои корношоям: мушкилот ва роҳи ҳал
Душанбе, 04.05.2015.(АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Баъди ба даст овардани истиқлолияти комили Тоҷикистон Душанбе-пойтахти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ҳусни он боз ҳам зебову ҷаззобтар гардид. Аз ин рӯ таваҷҷуҳ ба биноҳои баландошёнаи пойтахт, бахусус низоми хидматрасонии лифтҳо аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гашта, таъмир ва ташхис (экспертиза)-и лифтҳо масъалаи дигари ҳалталаб аст. Бо мақсади муайян намудани сифати хидматрасонии лифтҳои биноҳои пойтахт тасмим гирифтем чанде аз биноҳои баландошёнаро мавриди таҳқиқ қарор диҳем.
Таҳқиқоти худро аз биноҳои 16-ошёнаи ноҳияи Сино-и пойтахт, ки пас аз биноҳои 24-ошёнаи «Душанбе-плаза» баландтарин бино ба ҳисоб мераванд, шурӯъ намудем. Зимни мушоҳида муайян гашт, ки бинои 16-ошёнаи Сино-42 аз ду лифт иборат буда, феълан танҳо як лифти он коршоям мебошад. Ба гуфтаи Маҳмад Ҷобиров-раиси бинои 16- ошёнаи Сино 42 аз ин ду лифт таҷҳизоти якеашро чанд сол қабл шахсони номаълум рабудаанд, ки ин боиси корношоям гаштани он шудааст: «Нав омада будем ҳамин бино, ки як сол пасаш ҳамаи таҷҳизоти ин лифтро дуздиданд, барои ин 7-8 ҳазор доллар лозим ҳаст, ки аз нав барқарораш кунем»,-афзуд Маҳмад Ҷобиров.
Зебо Усмонова, ки дар ошёнаи 15-уми бинои 16-ошёнаи Сино-42 истиқомат мекунад, мегӯяд, фаъолияти лифти дигари бино низ ба таври доимӣ набуда, бо сабаби истифодаи зиёд, бахусус аз ҷониби кӯдакон баъзан муваққатӣ аз фаъолият мемонад. Номбурда гуфт, гарчанде ки худ аз бемории дил азият мекашад, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бидуни лифт ба поён мефарояду боз аз кор баргашта, ҳамин тариқ ба ошёнаи 15-ум мебарояд. Аммо мушкилоти асосиро Зебо Усмонова дар камёфт будани таҷҳизоти лифт дар пойтахт мебинад.
Ба гуфтаи Маҳмад Ҷобиров таҷҳизоте, ки барои лифти бинои онҳо дар вақтҳои охир лозим мегардад, дар бештари вақт онро наметавон аз бозорҳои пойтахт дастрас намуд, агарчӣ пайдо шавад ҳам, он бо нархи хеле гарон: «Як пластмассаи оддиро 60 доллар мегӯянд, ин дар куҷо дуруст мегирад?»,-мепурсад мавсуф. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ба Тоҷикистон навъҳои гуногуни лифт аз кишварҳои Туркия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Беларуссия ворид мешаванд, ки таҷҳизоти онҳоро метавон бидуни мушкилӣ дарёфт намуд, аммо таҷҳизот барои лифтҳои олмоние, ки дар бинои 16-ошёнаи Сино 42 насб шудаанд ва мутааллиқ ба замони шӯравианд, дар кишвар камёфт буда, зарурати фармоиш додани он аз дигар кишварҳо пеш меояд. «Дар айни замон барои харидорӣ намудани 12 дона «башмак» (накладка) ба мо аз Русия ваъда кардаанд, шояд як ҳафта пас ё якчанд ҳафта пас равон кунанду лифтамон аз нав фаъолият кунад»,-иброз дошт Раҳим Паҳлавонов- масъули лифти бинои 16-ошёнаи Сино 42.
Агарчӣ камёфт будани таҷҳизоти лифт як мушкили масъала бошад, масъалаи дигар пардохти маблағ барои ин гуна таҷҳизот аз ҷониби истиқоматкунандагони бино мебошад. Дар робита ба ин масъала Маҳмад Ҷобиров-раиси бинои 16-ошёнаи Сино 42 гуфт аз ҳар як ҳуҷра барои устои лифт дар як моҳ 8 сомон ҷамъ карда мешавад. Аммо боиси нигаронӣ аст, ки дар ин бино аз 120 ҳуҷра танҳо 65 ҳуҷра маблағ медиҳад. «Баъзеаш кампирҳои рус ҳастанд, ки аз онҳо пул намегирем, баъзеи дигар камбағал ҳастанд, инчунин нафароне, ки дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм зиндагӣ мекунанд, пул намедиҳанд»,-мегӯяд Маҳмад Ҷобиров.
Аммо зимни мушоҳида аз бинои дигари 16 ошёнаи Сино 41 муайян гашт, ки мушкилоти пардохт нагаштани маблағи лифттаъмиркунӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон дар ин ҷо низ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда аст. Ҳуснигул, як истиқоматкунандаи бинои мазкур мегӯяд қисмати зиёди истиқоматкунандагони бино иҷоранишин буда, на ҳамеша маблағи таъмири лифтро пардохт мекунанд. Номбурда афзуд, ӯ ки худ ҷарроҳӣ шудаасту бояд зиёд ҳаракат накунад, бо сабаби баъзан аз кор мондани лифт маҷбур мешавад, пиёда фарояд. Ба гуфтаи мавсуф гарчанде бинои онҳо хусусӣ буда, дар масъалаи пардохти маблағ барои таъмири лифт танҳо соҳибмулкон масъул мебошанд, аммо бо сабаби иҷоранишин будани қисмати зиёди истиқоматкунандагон онҳо тавоноии пурра пардохт кардани маблағро надоранд: «Қисми эҳтиётии калонашро гуфтанд бояд соз кунанд, лекин қисми эҳтиётӣ надоранд, ҳисоб карданд қариб 4 ҳазор доллар мешавад, гуфтем камтар аз ҳисоби ҳукумат ёрдам мекарданд, боқимондаашро ҷамъ мекардем, лекин касе дастгириамон накард»,-меафзояд истиқоматкунандаи бинои 16-ошёнаи Сино 41. Ӯ гуфт, ҳатто бо сабаби пурра пардохт накардани маблағи лифт дар бино лифттаъмири махсус низ кор намекунад.
Хусусӣ будани биноҳои 16-ошёнаи Сино 41 агарчӣ аз як ҷиҳат барои истиқоматкунандагон манфиатовар аст, аммо аз ҷониби дигар он барои таъмини низоми босифати хидматрасонии лифт мушкили молиявиро пеш овардааст. Гулнора Валиева-раиси бинои 16-ошёнаи Сино 41 дар робита ба ин масъала мегӯяд, хусусӣ будани бинои мазкур боиси он гаштааст, ки дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар корхонаҳо хеле кам ба назар мерасад, дар ҳоле, ки онҳо ба чунин дастгириҳо ниёзманд мебошанд. Номбурда гуфт, аз 2 лифти бино танҳо яктои он кор мекунад, ки он ҳам асосан барои биноҳои 9-ошёна ҷавобгӯ мебошад, на 16-ошёна.
Раиси бинои мазкур гуфт, маҳз номутобиқатии лифт ба бинои мазкур боис мегардад, ки лифт зуд-зуд вайрон гашта, зарурати таъмири он ба вуҷуд меояд. «Ният доштам, ки лифти замонавӣ-электронӣ шинонам, аммо маблағи он хеле гарон: 20-27 ҳазор доллар ҳаст, ки ин қадар маблағ ҷамъ намешавад»,-иброз дошт Гулнора Валиева. Ӯ афзуд барои таъмири лифти бино 5 ҳазору 100 доллар лозим ҳаст, ки ин ба сари ҳар ҳуҷра 100 долларӣ рост мояд, ки на ҳамаи истиқоматкунандагон ин маблағро пардохт мекунанд. «Ҳадди ақал 30% аз ҷониби ҳукумат кумаки молиявӣ мешуд, 70%-ро худамон ҷамъ мекунем, то ин лифтро таъмири пурра кунем»,-мегӯяд Файзалӣ ном истиқоматкунандаи бинои мазкур. Ба гуфтаи ӯ наздик ба 20%-и истиқоматкунандагон иҷоранишин мебошанд, ки на ҳамеша чунин маблағро пардохт мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ба гуфтаи масъулини бино тавассути лифти мазкур инчунин масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти маишӣ ба боло бароварда шуда, дар як рӯз он на камтар аз 1000 маротиба ба болову поён ҳаракат мекунад.
«Лифттаъмир»-и Сино: мушкилот дар кӯҳнашавии лифтҳост!
Ба гуфтаи Шариф Нарзуллоев-директори ҶДММ «Лифттаъмир»-и ноҳияи Сино қисмати бештари лифтҳое, ки корхонаи онҳо таъмир мекунад, марбут ба солҳои 90-уми асри гузашта буда, муҳлати истифодаашон гузаштаасту ниёз ба ивазкунӣ доранд.
Номбурда гуфт аз 308 адад лифте, ки дар тавозуни корхонаи мазкур мебошад, 286 ададаш коршоям буда, 22 адад кор намекунад.
Агар вазъияти хидматрасонии лифтҳо дар биноҳои 16-ошёна, ки чунин бошад, пас дар биноҳои 9-ошёнаи пойтахт ин навъи хидматрасонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Зимни мушоҳида аз биноҳои 9-ошёнаи ноҳияи Фирдавсӣ маълум гашт, ки хидматрасонии лифт дар аксари ин биноҳо солиёни зиёд дар сатҳи хеле паст қарор доштааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи истиқоматкунандагони биноҳои 9-ошёнаи кӯчаи Фирдавсӣ 48-А-и ноҳия ҳанӯз аз солҳои 90-ум инҷониб низоми лифти бино корношоям буда, сокинон бидуни лифт мебароянду мефароянд. Қисмати зиёди сокинони ин биноҳо мушкилиро ба масъалаи молиявӣ вобаста намуда, иброз доштанд, ки ҷамъоварии маблағ аз сокинони ин бино барои барқароркунии лифт имконнопазир буда, наметавон лифтро танҳо бо маблағи соҳибмулкон таъмир кард: «Хона бисёр мефурӯшанд, иҷоранишин доранд, як-дутояш, ки аслӣ ҳастанд, мехоҳанд пардохт кунанд, аммо аз дигарон гирифта намешавад»,-мегӯяд як сокини бинои мазкур.
Аммо ба гуфтаи сокини дигари бинои 9-ошёнаи Фирдавсӣ 48-А мушкили таъмири лифти бино на танҳо ба пардохт накардани маблағи он аз ҷониби бархе аз сокинон вобаста аст, балки мушкилоти аслӣ дар камёфт ва гарон будани таҷҳизоти лифт мебошад, ки ба ин сокинон розӣ намешаванд. «Як-ду бор ҳамон лифтчиҳое, ки соз мекунанд, омада лифтро диданд, лекин пулро сокинон ҷамъ накарданд»,-иброз дошт ин сокини бино. Номбурда афзуд аз соли 1997 инҷониб, ки дар бинои мазкур зиндагӣ мекунад, боре ҳам коршоям будани лифтро надидааст, гарчанде дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
Зимни мушоҳида аз бинои дигари 9-ошёнаи Фирдавсӣ 50-и ноҳияи Фирдавсӣ маълум гашт, ки сифати хидматрасонии лифт ба талабот ҷавобгӯ набуда, сокинонро нигарон кардааст. Мунира-як сокини бинои мазкур мегӯяд, аз соли 2003 инҷониб дар ошёнаи 9-уми кӯчаи Фирдавсӣ 50-и ноҳияи Фирдавсӣ истиқомат мекунад, вале боре ҳам аз хидматрасонии лифт истифода бурда натавонистааст. Ба гуфтаи мавсуф мушкилоти асосии лифти онҳо дар харидорӣ ва пайваст намудани таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки нархи гарон дорад. Ӯ гуфт дар ин самт сокинон як маротиба барои дастгирӣ ба шахсони масъули ноҳия низ муроҷиат кардаанд, аммо ин муроҷиаташон натиҷа надодааст: «Як бор аризаамонро гирифтанд аз хоҷагии коммуналӣ, гуфтанд, ки ба ҳукумат медиҳем, лифтҳоятонро соз мекунанд, лекин накарданд»,-меафзояд ин сокини бинои Фирдавсӣ 50.
Дар ҳамин ҳол Шариф Каримов — директори КВД «Лифт таъмир»-и ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, маблағи таъмири лифтҳои пойтахт ба уҳдаи соҳибмулкон вогузор шуда, дар ҳолати пардохт масъулин дар ин самт мутахассисонро равон мекунанд, зеро ба гуфтаи мавсуф таҷҳизоти лифтҳои мазкур дар мағозаҳои пойтахт камёфт буда, онҳо танҳо аз хориҷи кишвар харидорӣ мешаванд, ки ин нархи гарон дорад. Аммо Шариф Каримов мушкилоти асосии таъмир нагаштани лифтҳоро аз норасоии мутахассисон ном бурд: «Ана ҳозир лифтҳои туркӣ монда истодаанд, аммо мутахассис нест. Корхонаҳо меоранд, мегузоранду шартнома мекунанд, баъди он вақте лифт корношоям мегардад, уҳдадориашро ба зимма намегиранд»,-иброз дошт директори КВД «Лифттаъмир»-и ноҳияи Фирдавсӣ. Ба гуфтаи номбурда феълан дар ноҳияи Фирдавсӣ 159 лифт мавҷуд аст, ки 70-тои он кор намуда, теъдоди боқимонда ниёз ба таҷҳизоти ҷадид ва мутахассисони арзанда доранд.
Лифтҳои Шӯравӣ бояд пурра иваз шаванд!
Муҳаммадҷон Халилов-роҳбари ҶДММ «Имо», ки дар самти таъмини хидматрасонии лифтҳо фаъолият мекунад, иброз дошт, ки гарчанде дар қисмати зиёди биноҳои пойтахт лифтҳои замони Шӯравӣ насб шудаанд, аммо дар айни ҳол хуб мешуд агар ин гуна лифтҳо пурра иваз шаванд, зеро ба гуфтаи мавсуф чунин лифтҳо барои соҳибмулкон мушкилоти зиёдро эҷод намуда, ҳамзамон имкониятҳои ин гуна лифтҳо хеле маҳдуд гаштааст:
1) Заводҳое, ки ин лифтҳоро мебароварданд, дар муддати 25 сол аллакай намуди истеҳсоли лифтҳояшонро дигар карданд;
2) Як қисми заводҳои лифтҳои Шӯравиро ширкатҳои калон харидорӣ намуданд, аз ҷумла бренди «Otis» чанд заводи лифтсозиро харидорӣ намуда, феълан лифтҳои нисбатан замонавиро истеҳсол мекунад;
3) Таҷҳизоте, ки барои лифтҳои замони Шӯравӣ лозим ҳастанд, дастнорас гашта, онҳоро наметавон аз бозорҳои кишвар дастрас намуд;
4) Лифтҳои замони Шӯравӣ, ки бо сабаби кӯҳнашавӣ зуд вайрон мешаванд, ниёз ба мутахассис доранд, ки ин гуна мутахассисон дар ҳоли ҳозир камшуморанд;
Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Халилов-роҳбари ширкати «Имо» то имрӯз ширкати онҳо дар 20 бинои истиқоматии пойтахт, инчунин корхонаву биноҳои махсус, аз қабили «Қасри миллат», «Wefa centre», «Рӯдакӣ-плаза» лифтҳои замонавӣ насб намудааст, ки фаъолияти мунтазам дошта, дар самти пайдо кардани таҷҳизот ва мутахассис мушкилӣ дида намешавад. «Худи корхонаи мо 10-12 мутахассиси хуб тайёр кардааст, ки инҳо курсҳои омӯзиши муайянро гузашта, бо брендҳои ҷаҳонии «Otis», «Coney», «Misubishi» ва «Shindler» ҳамкорӣ кардаанд»,-афзуд роҳбари ширкати «Имо».
Дар робита ба масъалаи навкунӣ ва ё ба истилоҳ «замонависозӣ»-и лифтҳои кӯҳнашудаи марбут ба замони Шӯравӣ Раҳматулло Солеҳов-директори ширкати хизматрасонӣ ва васлкунии лифтҳо-«Исол» иброз дошт, ки имкон дорад лифтҳои кӯҳнашударо пурра не, балки қисман иваз намуд. «Низоми электронӣ ва мотори лифтро тавсия медиҳем, ки иваз карда шаванд»,-мегӯяд номбурда, зеро ба гуфтаи ӯ агар моторҳои ин гуна лифтҳо кӯҳна шуда бошанд, дигар иқтидори фаъолияти хуб дар онҳо нахоҳад монд, дар ҳоле, ки низоми электрониро танҳо 2 сол ва баъзан 1 сол кафолат медиҳанд.
Лифтҳои ҳозира ниёз ба назорат доранд
Раҳматулло Солеҳов инчунин иброз дошт, ки сабаби асосии вайрон шудани қисмати зиёди лифтҳои ҳозира пеш аз ҳама дар беназоратии масъулин мебошад. Ба гуфтаи номбурда маҳз беназоратии сохторҳои марбута боис гаштааст, ки нафарони зиёде аз ҳар ҷойе, ки хоҳанд, лифт оварда, худсарона онро дар биноҳо насб мекунанд. «Муҳим ин аст, ки назорат карда шаванд, чунки назорат, ки намешавад, аз ҳар ҷо лифт меоранд ва намедонанд ки он чӣ гуна система аст, оё сертификат ва иҷозатнома барои насби лифт дорад ё не»,-иброз медорад директори ширкати хизматрасонӣ ва васлкунии лифтҳо-«Исол». Номбурда гуфт, маҳз беназоратии лифтҳои замонавӣ боис мегардад, ки ҳамеша дар дигар ҷойҳо мушкилӣ ба вуҷуд ояд.
Бояд гуфт, ки дар самти таъмир ва ташхис (экспертиза)-и пешакии лифти биноҳои истиқоматӣ дар моҳи марти соли 2015 аз ҷониби Ассотсиатсияи “АМУД” як форуми муштарак гузаронида шуд, ки дар он масъулини Ҳукумати кишвар, чор ноҳияи шаҳри Душанбе, роҳбарони ширкатҳои хидматрасонии лифт ва мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Ташхиси пешакии лифтҳо, таъмини бехатарии лифтҳо, хизматрасонии саривақтии бо кафолат, инчунин навъҳои лифтҳои аз даврони Шӯравӣ боқимонда, лифтҳои самарқандӣ, чиноӣ, туркӣ, кореявӣ ва ғайра аз мавзӯъҳое буданд, ки дар форуми мазкур мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд.
Аз ҷумла иштирокчиён аз норасоии мутахассисон дар самти лифттаъмиркунӣ изҳори нигаронӣ намуданд: “Дар охири форум мо ба чунин хулоса омадем, ки курсҳо ва треннингҳо ташкил намуда, мутахассисони хуб омода кунем ва дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати кишвар як иҷозатнома омода намоем,то ҳар ширкате, ки оид ба лифт кор мекунад, ҳуҷҷатгузории муайян ва мутахассиси аниқ дошта бошад, то дар оянда баъди васл кардани лифт боз онро таъмир карда тавонад”,-иброз дошт Шаҳноза Сайфутдинова- директори Генералии Ассотсиатсияи «АМУД» . Номбурда афзуд, ҳадафи асосии Ассотсиатсияи «АМУД» пеш аз ҳама омода кардани муҳандисон дар соҳаҳои лифттаъмир, сохтмон, электрика, сантехника, атом, нанотехнология ва ғайраҳо мебошад.
Хадамот: таъмири пурраи лифтҳо дастгирии молиявӣ мехоҳад
Аламзода Исроил Бобо, муовини якуми раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба таъмири капиталии лифтҳои кӯҳнашудаи замони Шӯравӣ иброз дошт, ки КВД “Лифттаъмир”дар ноҳияҳои пойтахт феълан мушкили молиявиро асоси таъмир накардани лифтҳои кӯҳна ном мебаранд. Ба гуфтаи мавсуф маҳз бо ҳамин сабаб хадамот тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар оид ба бехатарӣ дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба мақомоти иҷроияи 4 ноҳияи пойтахт муроҷиат намуд: “Тавассути мактуб мо зарурати таъмир намудан ва ё таъмири пурраи лифтҳои замони Шӯравиро асоснок намудем, то ҳукумати ноҳияҳо барои иҷрои ин амал маблағи муайян ҷудо намоянд”,-мегӯяд Аламзода Исроил Бобо.
Аммо ин дар ҳолест, ки Рустам Сангов-муовини аввали раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки тибқи қонунҳои амалкунанда дар пардохти маблағи таъмири пурраи лифтҳо танҳо соҳибмулкон уҳдадоранд ва ҳукумати ноҳия наметавонад пурра ин маблағро пардохт намояд. Тибқи гуфтаҳои мавсуф танҳо дастгирие, ки метавон аз мақомоти ноҳия интизор шуд, ин пардохти маблағи оилаҳои камбизоат ва иштирокчиёни ҶБВ барои таъмири лифт мебошад: “Масалан агар ба ҳар як ҳуҷра 200 сомонӣ расад ва дар ҳамон бино як нафар иштирокчии ҶБВ ва ду оила камбизоат бошанд, ҳамон 600 сомониро мо ба уҳда мегирем, дигарашро бояд соҳибмулкон худашон пардохт намоянд”,-мегӯяд Рустам Сангов. Барои муайян намудани тасмими ҳукуматҳои 3 ноҳияи дигари пойтахт дар самти дастгирии молиявӣ хостем аз масъулин иттилои пурра гирем, аммо бо сабабҳои гуногун масъулин ба мо иттилои заруриро пешниҳод накарданд.
Аз рӯйи таҳқиқоти худ дар самти муайян кардани сифати хидматрасонии лифтҳои пойтахт ва то кадом андоза ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо ба хулосае омадем, ки лифтҳои кӯҳнаи марбут ба замони Шӯравӣ ниёз ба иваз кардан доранд, зеро мушоҳидаҳо нишон доданд, ки маҳз кӯҳнашавии таҷҳизоти лифтҳои мазкур ва камёфт будани онҳо барои соҳибмулкон мушкилоти молиявиро пеш овардааст. Аз ҷониби дигар мувофиқи мақсад мебуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои пардохти ҳадди ақал 30%-и маблағи таъмири капиталии лифтҳои кӯҳна саҳми худро мегузошт. Дар сурати надоштани имконият мақомоти мазкур инчунин метавонанд аз роҳҳои ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ё ширкатҳову корхонаҳои бонуфузи кишвар, ки имкони пардохти чунин маблағро доранд, ба таври мусбат истифода намояд, зеро ҳамасола мо шоҳиди саҳми беназири соҳибкорон ва корхонаву ширкатҳои ватанӣ дар ифтитоҳи марказҳои бузурги тиҷоративу фароғатӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, инчунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ мегардем. Тавассути пардохти маблағи таъмири капиталии лифтҳои биноҳои пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё соҳибкорони ватанӣ ҳам мушкилоти сокинони пойтахт бартараф мешавад ва ҳам сифати хидматрасонии лифти биноҳои шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат ҷавобгӯ ба талабот хоҳад буд.
Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар кишвар 1388 лифти марбут ба замони Шӯравӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 917-тоаш дар шаҳри Душанбе, 117-то дар ноҳияҳои тобеи марказ, 242 адад дар вилояти Суғд ва 52-тоаш дар вилояти Хатлон насб шудааст.