Мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфт
Рашт, 20.05.2015. (АМИТ«Ховар», Мирзосафари Ризвон) .- Аз 18-уми майи соли равон дар хоҷагиҳои ноҳияи Рашт маъракаи кирмакпарварӣ оғоз ёфт. Ба 1050 нафар пиллакори ноҳия 650 қуттии навъи тухми кирмак тақсим шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 210 қуттӣ зиёд мебошад. Тавре ки дар суҳбат ба мо сардори идораи пиллақабулкунии ноҳия Фатҳуддин Саймаҳмадов иброз дошт, тухмии имсолаи кирмак навъи чинӣ буда, ба иқлими навоҳии кӯҳистони Рашт мутобиқ мебошад.
Пиллакорон нақша гирифтаанд, ки дар мавсими имсола беш аз 21 тонна пиллаи аълосифат истеҳсол намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






