Мониторинг дар бозори мардикорон

Май 4, 2015 14:40

Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳафтаи гузашта дар бозори мардикорони шаҳри Хуҷанд мониторинг гузаронид.
Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ шинос шудан бо вазъи бозори дохилии меҳнат, муайян намудани мушкилоту муаммоҳои коргарони кироя, мусоидат ба ҳалли онҳо буд. 
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ хабар дод, дар мониторинг аз ҷониби аъзои гурӯҳи муштараки корӣ наздик ба 100 нафар мардикор пурсида шуд, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Панҷакент, Ғончӣ, Зафаробод,Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен буданд. Ҳамзамон аз шумораи умумии пурсидашудагон 16% — ашонро сокинони шаҳрҳои Душанбею Кӯлоб ва ноҳияи Ҳисору Носири Хисрав ташкил медоданд. 
Онҳо иброз доштанд, ки сабаби асосии мардикорӣ надоштани ҷои кори расмӣ мебошад ва онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои пешбурди зиндагӣ ва бекор нагаштан мардикорӣ кунанд.
Маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна аз 50 то 80 сомониро ташкил медиҳад. Онҳо новобаста ба касбу ҳунар доштан ё надоштанашон корҳои гуногунро иҷро менамоянд.
Пурсиши гузаронидашуда нишон дод, ки ҳамагӣ 29%-и мардикорон соҳиби касбу кори муайян мебошанд, вале на ҳамаи онҳо мувофиқи ихтисосу касбашон дар мардикорбозор ҷои кор меёбанд. 
Аз ҷумлаи шахсони пурсидашуда қаблан 21%-ашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Аммо зимни суҳбат иброз доштанд, ки дубора хоҳиши ба Федератсияи Русия рафтан надоранд, зеро бинобар беқурб шудани пули русӣ музди дар он ҷо мегирифтагиашонро дар ҳамин ҷо ёфта истодаанд.  
Баръакс, 18%-и пурсидашудагоне, ки ягон бор ба Русия нарафтаанд, хоҳишманди муҳоҷири меҳнатӣ шуда, ба ин давлат рафтан мебошанд. Новобаста ба ин аксари кулли мардикорон хоҳишманди  онанд, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҷои кор ёбанд ва дар назди оилаи худ қарор дошта бошанд.  
Дар ҷараёни пурсиш маълум гардид, ки мардикорони аз шаҳру ноҳияҳо омада асосан дар хонаҳои шахсии одамон зиндагӣ мекунанд. Ва ҳар рӯз ба миқдори муайян ба соҳиби хона маблағ медиҳанд. Дар рӯзҳои бекорӣ  хӯрокашон аз ҳисоби худашон аст.
Мардикорон аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва шаҳрвандон ягон хел таҳдид ва фишороварӣ дида намешавад.
Зимни гузаронидани мониторинг аъзои гурӯҳи кории муштарак дар байни мардикорон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро ба риояи қонуну қоидаҳои мавҷуда ва зиндагии шоиста даъват намуданд. Ҳам замон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истифода бурда, соҳиби қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ шаванд ё дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ саҳм гузоранд.
Оид ба марказҳои таълимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва касбомӯзию шаҳодатномакунонии малакаҳо низ ба мардикорон маълумоти муфассал дода шуд.
Раёсат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот ташкил намояд.
Натиҷаҳои мониторинг дар бойгонии Раёсат нигоҳдорӣ мешаванд.
 
 

Май 4, 2015 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад