Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ

Май 26, 2015 10:07

Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони ин соҳаи давлатҳои созмони номбурда ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, масоили вобаста ба тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мебошад.
Таъкид гардид, ки барои таъмини амну суботи доимӣ дар минтақа ва мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа бояд тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои ба амал баровардани ин чораҳо андешида шаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 26, 2015 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид