Мулоқоти созанда дар Донишгоҳи Кӯлоб

Май 19, 2015 08:47

Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-    16 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар», мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонов хабар дод.
  Мақсади мулоқот аз суҳбати озоду ошкоро доир ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстии ҷавонон, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бештар ба китобхонӣ машғул гардидани ҷавонон иборат буд.
  Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин чорабиниҳо маҳз ба хотири ҳарчи бештар муҳаё намудани шароит барои ҷавонон равона гардидааст. 
Дар мулоқот таъкид гардид, ки имрӯз бархе аз ҷавонон аз ноогоҳӣ фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ мегарданд, ки ин оқибати хуб  надорад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват шуд, ки аз фазои хуби таҳсил самаранок истифода намуда, бештар ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва аз бар намудани илму дониш рӯй оранд.

Май 19, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад