Муроҷиатномаи ҷавонони Душанбе бахшида ба ҷашни Ғалаба
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Душанбе ҷаласаи якҷояи намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Шӯрои собиқадорону ҷангу меҳнати пойтахт доир гардид, ки дар он ҷавонони фаъолу ташаббускор, иштирокчиёну заҳматкашони ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуданд.
Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа муроҷиатномаи ҷавонони Душанбе ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи иди бузурги Ғалаба бар фашизми Олмон қабул гардид. Аз ҷумла дар Муроҷиатнома омадааст: «Дар ҳама давру замон ҷавонон аз қаҳрамониҳо ва шуҷоату далерии фарзандони бонангу соҳибиродаи Ватан, ки барои ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва нигаҳдории амнияту манфиатҳои миллӣ ҷон бохтаанд, ифтихор намуда, фаъолияти самараноки онҳоро пайравӣ менамоянд. Бешубҳа, мо, ҷавонон дирӯзу имрӯзу фардо аз қаҳрамониҳои бемисли Спитамену Шерак, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва ё корнамоиҳои Неъмат Қарабоеву Ҳодӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоеву Сайидқул Турдиев, Исмоил Ҳамзаалиеву Домулло Азизов, Тӯйчӣ Эрйигитову Александр Мироненко ва Набиҷон Акрамову садҳо ҳамватанони дигарамон, ки номи эшон ҳамеша зиннатбахши саҳифаҳои таърихи миллати барӯманди тоҷик аст, ифтихор мекунем».
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки имрӯз бо арзи сипос аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва нангу номуси халқу миллатҳои сулҳдусту озодихоҳи дунё ҷон бохтаанд, сабақ гирифта, заҳмати эшонро намунаи олии ватандӯстиву меҳанпарастӣ, расидан ба мақсаду маром ва ҳадафҳои башардӯстонаву ибратбахши насли кунунӣ қабул менамоем ва бо дарки масъулият, садоқату дӯстӣ, якдиливу эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ қарзи виҷдонии хеш мешуморем, то назди ҳар кадомашон сари таъзим фуруд орем.
То ҷое мусаллам аст, дар ин ҷанги хонумонсӯз миллионҳо нафар ҷавонони кишварҳои собиқ Шӯравӣ қурбони ҳадафҳои нопоки нажодпарастони гитлерӣ гардиданд. Дар ин набардҳо дар қатори садҳо халқияту миллатҳо ихтиёран бештар аз 250 ҳазор фарзанди бонангу номуси халқи тоҷик иштирок намуда, 50 ҳазор таҷикистонӣ дар ақибгоҳ дар заводу фабрикаҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ заҳмат кашид. Боиси таассуф аст, ки аз 300 ҳазор ҳамватанони мо, 92 ҳазорашон дар набардҳо ҷон бохтанд. Мо ҷавонон хуб дарк мекунем, ки ҷонбахшиву фидокориҳои онҳо барои фардои дурахшони миллату давлат будааст.
Ба хотири пос доштани қаҳрамониҳо ва мардонагию шуҷоати онҳо мо-ҷавонони пойтахт аз аввалинҳо шуда, дар марҳилаи ниҳоят мураккаби иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва бархурди манфиатҳои геополитикӣ, дастёбӣ ба манфиатҳои гурӯҳиву идеологӣ, замони таблиғи ғояҳои хатарноки ифротгароӣ, густариши моҷароҷӯиҳои ақидавӣ бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ собит месозем, ки рисолату шарафи инсонию ватандорӣ ва таърихии хешро адо намуда, барои пос доштани сулҳу субот, амнияти сартосарии Ватан ва ҳидояти насли наврас ба хизмати содиқонаи Ватан, ҳимояи марзу буми диёр ва пешбурди ақидаҳои солиму созанда саҳм мегузорем, омадааст дар муроҷиатнома.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






