Н. Ҷамшед: «Барои ба эътидол овардани бозори арз вақт лозим аст»
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мизони интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар моҳи апрел дар қиёс ба моҳи март афзоиш ёфтааст, ки он ояндаи некеро дар худ дорад», гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода -раиси тозатаъйини Бонки миллии Тоҷикистон 6 май дар назди вакилони Парлумони кишвар. Мавсуф дар посух ба саволи яке аз вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки барои устувор боқӣ мондани қурби асъори миллӣ дар бозори арз ва ҷилавгирӣ аз болоравии қурби асъори хориҷӣ, дар маҷмӯъ танзими вазъи бозори асъор дар кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун назоратчӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Барои амалӣ намудани ин тадбирҳо вақт, механизм ва таҳлилҳо лозиманд, таъкид кард Ҷамшед Нурмуҳаммадзода. Ҷ. Нурмуҳаммадзода афзуд, ки дар самти танзими бозори асъор дар кишвар гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис дода шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон омилҳои баланд гардидани қурби асъори хориҷиро дар кишвар ба омилҳои беруна, хусусан бӯҳрони молиявӣ дар Русия рабт дода гуфт, дар мавриди ба эътидол омадани вазъи бозори асъор дар Русия ва дигар кишварҳое, ки шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, вазъи бозори асъори Тоҷикистон низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Бо дахли фаъолият ва баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар Ҷ. Нурмуҳаммадзода афзуд, ки дар Тоҷикистон 1500 чунин нуқта фаъолият дошта, ки 800 адади онҳо хусусист ва бо қарори Бонки милли Тоҷикистон аз 17 апрел баста шудаанд. Алҳол мубодилаи асъор ба зиммаи бонкҳо вогузор гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз палатаи поёнии Парлумони мамлакат фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2015 дар мавриди таъйин намудани Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев — муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Раиси тозатаъйини Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода 55 сол дошта, соли 1960 дар Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Мавсуф қаблан дар вазифаҳои муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ, муовини раиси вилояти Суғд, аз соли 2013 раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолият намудааст. Аз 4 майи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






