«Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ»-конфронси илмӣ-амалӣ
Душанбе 22.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар доираи 30 рӯзи ҷавонӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Академияи илмҳои Тоҷкистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон дар дараи Ромит конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ» доир гардид.Дар конфронс академикҳо, олимону муҳаққиқони ҷавони кишвар аз минтақаҳои кишвар иштирок дошта, дар маросими оғози он роҳбарони Академияи илмҳо, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ доир ба мавзӯи мазкур маърӯза карда, нақши олимони ҷавонро дар рушди илми тоҷик арзанда маънидод намуданд.Такид гардид, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам рушд ёфтани илми тоҷик ҳама гуна тадбирҳои амалиро андешида истодааст ва барои дастгирии олимони ҷавон Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис гардидааст. Гуфта мешавад имсол бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 ба 12 адад зиёд шудааст, ки он ҳамасола бевосита аз ҷониби Сарвари давлат дар арафаи таҷлили Истиклолияти давлатии Тоҷикистон ба барандагони Ҷоизаи мазкур супорида мешавад. Кори конфронси мазкур то бегоҳи имрӯз идома ёфта, маърӯзаҳои илмиву амалии олимони ҷавон шунида хоҳанд шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






