Нақши матбуоти тахассусӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ
Душанбе, 07.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар конфронси байналмилалии бахшида ба 50- солагии Китобхонаи давлатии патентию техники Муассисаи давлатии Маркази миллии иттилооти Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳузури густардаи хонандагону донишҷӯён ва мутахассисони соҳа 5-6- уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба китобдорӣ, ҷалби хонанда, китоб ва нақши он дар рушди маънавии инсон, мушкилоти соҳа, матбуот адабиёти соҳавӣ сухан рафт.
Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Дар аввалин рӯзи баргузории он ширкаткунандагон бо фаъолияти марказҳо ва шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ошно шуданд.
Сипас мизи мудаввар бо номи “Нақши матбуоти тахассусӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ” доир гардид.
Дар доираи чорабинӣ шумораи навбатии маҷаллаи “Китобдор”, ки маводи он ба солгарди таъсиси китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






