«Нигоҳи нав»- оғози 4-умин ҷашнвораи театрӣ
Душанбе 13.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-4-умин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигохи нав» аз 16-ум то 20-уми майи соли равон дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский доир гашта, ҳамарӯза ду намоиш соатҳои 10-и субҳ ва 18-и шом дар назар аст. Бино ба иттилои масъулин, кушодашавии ҷашнвораи мазкур рӯзи 16-ум доир гашта, дар он 7 гурӯҳ иштирок мекунад, ки як гурӯҳи он ғайри озмунӣ мебошад.Гуфта мешавад, ҷоизаҳо аз беҳтарин нақши лаҳзавӣ сар кардаҳ то коргардони беҳтарину намоиши беҳтарин то Шоҳҷоиза дар назар аст.Сарпарастони имсолаи ҷашнвора-озмун Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ширкатҳои ватании «Баҳманруд», «Рухом» ва «Мария» мебошанд. Ҳамкорӣ бо лоиҳаро Вазорати фарҳанг ва Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», ҳамчунин дастгирии иттилооти моро радиоҳои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва рӯзномаҳои ватанӣ ба уҳда гирифтаанд. Ёдрас мешавем, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи нав» ҳамасола ҳамчун ҷашнвораи ҷумҳуривӣ доир мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






