Нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва Туркманистон

Май 29, 2015 09:26

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Бо мақсади омӯхтани бозори туристии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба  гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои туристии Туркманистон  аз 28 майи соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар имрӯз, 29 май соати 9:00 дар меҳмонхонаи Тоҷикистон мизи муддавар дар мавзӯи «Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи рушди туризми меҳмонхонавӣ» доир мегардад. Дар он ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва Туркманистон  ва масъулини соҳаи сайёҳӣ  ширкат меварзанд.
Нишаст дар заминаи амалӣ намудани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм миёни Тоҷикистону Туркманистон сурат мегирад. 
Сафари гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои туристии Туркманистон ба Тоҷикистон то 31 май идома ёфта, онҳо аз мавзеъҳои туристиву тамошобоби Тоҷикистон, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, дараи Варзоб ва водии Ҳисор боздид менамоянд.
Ин барои мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ миёни ширкатҳои туристии ду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар гузашта ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ба Туркманистон сафар карда буданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов,  мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод .
 
 
 

Май 29, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад