Омодагии Тоҷикистону Чин ба машқҳои тактикӣ-низомӣ

Май 15, 2015 11:43

Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ«Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Вэйя вохӯрӣ доир намуд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомоти корҳои дохилии ҶТ ва ҶМЧ дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо ҷузъиёти гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомии якҷояро мавриди муҳокима қарор дода,  андеша ва таклифҳои худро иброз доштанд.
Дар мулоқот нақшаи якҷояи  гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористиро дар шароити кӯҳсор, ки аз ҷониби вазирони ҳарду ҷониб тасдиқ гардида, ба имзо расидааст, байни ҳам мавриди мубодила қарор доданд. 
Бояд тазаккур дод, ки ба наздикӣ гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.
 
 

Май 15, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид