Оё планшет ҷойи китобро гирифта метавонад?

Май 15, 2015 15:49

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, 
Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст.  
 
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чунин мисраъҳоро ҷавонону наврасони солҳои 80-ум ва 90-ум доимо замзама мекарданд, зеро китоб ягона манбаъ барои гирифтани донишу маълумот ба ҳисоб мерафт. Ҷавонони асри ХХ1 на ҳама ба мутолиаи китоб шавқу завқ доранд. Ҷойи китобро имрӯз техникаю технологияҳои муосир, яъне телефону компютеру планшету ноутбук иваз намудааст. Аз тариқи компютеру планшет имрӯз ҷавонон дилхох китоб, мақолаю иттилоотро метавонанд дастрас намоянд. Агар 15-20 сол пеш ҷавонон барои дарёфти маълумоти зарурӣ ба китобхонаҳо рафта китоб  ҷӯянд, ҷавонони имрӯза дар ҷойи дилхоҳ -хоҳ хона бошаду хоҳ мактабу ошхона аз тариқи планшетҳои худ ва интернет адабиёти заруриашонро дастрас менамоянд. 
Албатта, ҳамаи ин пешравию тараққиётро ба назар гирифта, мактабу маориф ҳам кӯшиш доранд ҳамқадами замона бошанд. Яке аз гимназияҳои пойтахт — Гимназия- интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.», аз моҳи феврал инҷониб ба таълиму тадрис бо усули нав, яъне истифодаи планшет ба ҷои китоб рӯй овардааст. 
Бино ба гуфтаи директори ин гимназия Абдуфаттоҳ. Ҳотамов, имрӯз дар чанде аз давлатҳои чаҳон аз нашри китобҳои коғазӣ даст кашидаанд, ки як сабаби он  каммасраф будани он ва дорои имкониятҳои зиёд,  аз қабили муҳайё сохтани тамоми адабиёти зарурӣ будани он мебошад. 
«Имрӯз мо дар мактабҳо барои як фан як китоб истифода карда, аз дигар адабиёт истифода намебарем ва падару модар ва маориф ҳам имкони дастрас ва чопи якчанд китобро барои як фан надорад. Мақсади асосии мо- ин омӯзонидани хонандагон бо роҳҳои гуногун мебошад. Аз  ҳамин сабаб мо ба хулоса омадем, ки планшетҳои арзонро дастрас намоем ва дар дохили он тамоми адабиёти заруриро бо забони тоҷикиву дигар забонҳои хориҷӣ сабт намоем.  Имрӯз хонандагони мо аз як фан якчанд  китоб доранд ва аз дилхоҳ китоб метавонанд истифода намоянд. То имрӯз қариб нисфи хонандагони мо ба усули таълим аз тариқи планшет гузаштаанд. Ин на танҳо кори хонандагон, балки устодонро низ хеле осон кардааст, зеро ҳар як хонанда ҳамарӯза ба мо барои дастрас намудани ин ё он адабиёт муроҷиат мекунад ва китобхонаи мо имкони ба ҳамаи онҳо додани адабиётро надорад»,- мегӯяд А.Ҳотамов.
 Дар айни замон ин гимназия  тамоми адабиёти лозимиро ба тариқи электронӣ дастрас намуда ва ба ҳар хонандаи хоҳишманд онро дар планшеташ ройгон сабт  кардааст.  Харид ва истифодаи планшет маҷбурӣ набуда, пеш аз харидории планшет устодон бо хонандагон ва падару модарон суҳбат гузарониданд. Агар хонанда аз уҳдаи истифодаи планшет набарояд ва ё онро барои манфиатҳои худ истифода намояд, устодон  тавсия медиҳанд,  ки беҳтар аст  онҳо аз ин усул даст кашанд.  «Бояд ин ҷо зикр намоям, ки мо барои хонандагон планшетҳои махсус харидем, ки он симкорт ва камераҳои аккосӣ надорад ва хонандагон ба он бозиҳои компютериро сабт карда наметавонанд. Барномаи ба планшетҳо сабт намудаи мо ғайр аз адабиёт, инчунин машҳои гуногунро дар бар мегирад, ки зеҳни хонандагонро ташаккул медиҳад»,- иброз дошт директори гимназия. 
Бино ба гуфтаи хонандаи синфи 6-и ин гимназия Умедҷон, аз моҳи феврал волидайнаш ба вай планшет хариданд. «Ба фикри ман ин хеле хуб аст, зеро пештар ман дар ҷузвдонам 6-7 китоб меовардам ва бардоштани он хеле душвор буд. Имрӯз бори ҷузвдони ман хеле сабук шудааст ва ман ба осонӣ ба мактаб меоям. Дар планшети ман тамоми китобҳо аз синфи 1 то 11 аллакай сабт шудааст. Ҳоло агар ба мо ягон китоб зарур шавад, мо онро ба планшетамон сабт менамоем ва истифода мекунем. Бояд гӯям, ки ҳамаи китобҳое, ки мактаб ба мо дар оғози соли хониш медиҳад, мо онро дар охири сол месупорем, китобҳои дар планшет буда то охири умр дар дасти мо боқӣ мемонанд»,-мегӯяд Умедҷон.  
Модари як хонанда Саломат мегӯяд, ки фарзандаш дар синфи ду мехонад ва вай нисбат ба дигар ҳамсинфон хурдтар мебошад. «То харидории планшет мо хеле азоб мекашидем, зеро ҳар саҳар писарам як ҷувздон китобро пушт карда меомаду бегоҳ бо он бармегашт ва ман доимо дар ҳарос будам, ки вай сутунмӯҳраашро маиб мекунад. Имрӯз планшет кори ҳам ман ва ҳам писарамро осон кардааст. Албатта, истифодаи тӯлонии планшет ҳам зарар дорад ва он истифодаи меъёри муайянро талаб мекунад. Барои ҳамин писари ман агар дар мактаб бо планшет дарс хонад, дар хона кӯшиш мекунад аз китоб истифода намояд»,- баён намуд Саломат.  
Муаллимаи ин гимназия Галина Обидова мегӯяд, ки аз нимаи дуюми соли хониш истифодаи васеи планшетҳоро ба роҳ мондаанд. «Планшет кори хонандагонро барои дастрасӣ ва дарёфти  маводи зарурӣ хеле осон мекунад. Онҳо онро ҳам дар хона ва ҳам мактаб метавонанд истифода баранд. Планшетҳои хонандагони мо ғайр аз китобҳои дарсӣ адабиёти иловагӣ низ доранд. Аз тариқи планшет мо ҳам дарсҳои асосӣ ва иловагӣ мегузаронем, ки ин ҳам кори мо ва ҳам хонандагонамонро осон мекунад». 
Ба гуфтаи ин муалима хонандагоне, ки бинишашон суст аст, барои нарасидани зарар ба чашмашон ҳарфҳоро калон ва равшании планшетро камтар мекунанд.  
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт хабар дод, имрӯзҳо бо назардошти пешрафти илму техника, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот дар бархе аз муассисаҳои таълимии кишвар, аз қабири литсейю мактабҳои президентӣ ва байналмилалӣ хонандагон дар раванди дарс аз планшетҳо истифода мекунанд. «Гузашта аз ин, зимни сафари Президент ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба 120 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии Кангурт аз номи Ҷаноби Олӣ планшет тақдим гардид, ки онҳо пурра ба низоми таълим нигаронида шудаанд. Яъне планшетҳое буданд, ки дар хотираашон китобҳои дарсӣ аз синфи 1 то синфи 11 бо забони тоҷикӣ ва забони русӣ, инчунин китобҳои бадеӣ ва дигар барномаҳои таълимӣ сабт шуда буд. Хонандагон тавассути ин планшетҳо аз сомонаҳои иҷтимоӣ аз тариқи Интернет ё бозиҳои дилхушкунанда ва ё навору сабти видеоию зангҳои телефонӣ истифода карда наметавонанд, зеро онхо пурра барои таълими хонанда равона  шудаанд», -гуфт Эҳсони Хушбахт. 
Дар умум, Вазорати маориф ва илм барои истифодаи планшетхо дар дарс зид набуда, дар назди хонадагон шарт гузоштааст, ки  планшети онҳо бояд танҳо барои омӯзишу таълим нигаронида шуда бошад. Дар ин планшетҳо  китобхои дарсӣ, бадеӣ ва барномаҳои таълимӣ бояд барномарезӣ  шуда бошанд, то хонанда ба ҷуз ин бо дигар мақсадҳо онро истифода карда натавонад.
 
 

Май 15, 2015 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Маводҳои таҳлилӣ