Поси хотири шаҳидони набард дар Хуҷанд

Май 8, 2015 14:50

 
Хуҷанд, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз  дар маркази Суғд -шаҳри Хуҷанд дар назди ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида ба 70- умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ ба фашизм танатанаи пуршукӯҳ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона иштирокчиёни ин набард ва меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат бо шумораи наздик ба 200 нафар, инчунин иштирокчиёни ҷангҳои байналмилалӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар шаҳри Хуҷанд, сарбозону афсарони гарнизони ҳарбии Суғд, сокинони маркази вилоят иштирок намуданд.                          Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ҳамроҳи шуҷатмандони ватан, ки дар набардҳои шадид ҷонбозиҳо намудаанд, дар лаҳзаи мутантан ба пояи ёдгории шаҳидони ин ҷанг гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони диёр, ки баҳри озод намудани инсоният аз фашизми гитлерӣ қурбон гаштаанд, пос доштанд. Хотиррасон бояд кард, ки алъон дар вилояти Суғд 240 иштирокчии ҷанг, аз он 23 нафар дар шаҳри Хуҷанд умр ба сар мебаранд, ки ҳамаи онҳо дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур бо кумакпулиҳои Президенти кишвар ва мақомоти вилоятиву шаҳрию ноҳиявӣ бархурдор гаштаанд. 
 
 

Май 8, 2015 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад