Пули мошингузари Ванҷ ба истифода дода мешавад

Май 26, 2015 10:50

Душанбе, 26. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Боз як пули дигар дар роҳи нақлиётгарди байналмилалии Душанбе-Хоруғ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин иншоот дар километри 456-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Калъаи Хумб-Хоруғ-Кулма аз болои рӯди Ванҷоб, дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷи ВМКБ рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Сохтмони кӯпрук аз ҷониби ширкати «Чайна-Ровд»-и Ҷумҳурии мардумии Чин моҳи августи соли 2014-ум шуруъ гардида, фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёти ҶТ мебошад. Барои бунёди ин пули мошингузари сатҳи байналмилалӣ 25 миллиону 384 ҳазор сомонӣ маблағҳои Ҳукумати ҶТ ихтисос дода шудааст. То имрӯз аз ҷониби пулсозони чиноӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, фаъолияти ҳамворкунии сатҳи пул идома дорад. Натиҷаи заҳмати пулсозони чиноӣ имкон дод, ки то баланд шудани сатҳи оби Ванҷоб ин кӯпрукро ба истифода диҳанд. Ҳоло дар ин пул корҳои бетонхобонӣ ба поён расида, васлу насби болопӯши кӯпрук тавассути масолеҳи зарурии фулузӣ бастабандӣ гардида, ҳамзамон сементрезии болои он ҷараёни тоза касб намудааст. Дарозии пули мошингузар аз болои рӯди Ванҷоб 140 метр ва паҳноии он 10 метрро ташкил дода, иқтидори било қувваи бардоштани 100 тонна борро дорад. Мувофиқи реҷа то моҳи августи соли 2015-ум бунёди он бояд сомон дода шавад. Вале ҷаҳду талошҳои мутахассисони соҳа бар он далолат мекунанд, ки онҳо ин иншоотро то ахири моҳи майи соли равон пурра хоҳанд сохт, то ҳаракати муназзами нақлиёт дар ин масир пеш аз муҳлат таъмин гардад. Бунёди пули мошингузари рӯйи рӯд дар ҳоле падид омад, ки кӯпруки қаблии ҷода, дар натиҷаи ҳаракати мошини калонҳаҷми чиноӣ корношоям шуд, зеро пули мавзеъро соли 1972 -ум бо иқтидори 18 тонна сохта буданд ва соли гузашта тавассути навсозӣ имкони борбардории онро ба 30 тонна расонданд. Коршиносон ин ҷодаро чун раги хунгарди иқтисоди кишвар шумурда, ба меъёр мутобиқ шудани онро василаи хуби беҳтар шудани рафту омади нақлиёти боркаш дар тамоми фасли сол унавон мекунанд. Мушкиле, ки солҳои дароз нигаронии ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашро бар меангехт, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин пули пуриқтидор барҳам мехӯрад. Ронандаҳо аз таҷриба медонанд, ки дар қитъаи 449-уми роҳ, ки аз миёни деҳаи Лугад мегузарад, бо душвориҳои тоқатшикан ҳаракати нақлиёти худро таъмин менамуданд. Аммо гаҳу ногаҳ дар ин қитъа садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ сар мезаданд. Бо ҷудо шудани 134 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ нишебии тӯлонии пурхатари Санги мармар дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ дар андозаи ду метр паст карда шуд. Дар ин қитъаи роҳ ҳамасола дастикам 10 нақлиёти боркаш аз баландӣ ба поён сарозер гардида, талафоти ҷонию молӣ дар пай меовард. Баъди ба роҳ мондани корҳои пармагарию таркишӣ дар ин қитъа он нисбатан бехатар шуда, ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар осон гардид. Бо оғоз шудани навсозии роҳи мошингарди қитъаи Дарвоз- Ванҷ мушкилии   километри 130-юми роҳи байналмилалии мазкур пурра бартараф хоҳад гашт. 
 
 

Май 26, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст