Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон дар Хатлон

Май 25, 2015 09:47

Душанбе,25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо мақсади ҷалби тавваҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон -1 июн бо қарори раиси вилояти Хатлон рӯзҳои 24 — 31 майи соли 2015 дар қаламрави вилояти Хатлон таҳти унвони «Солимӣ, зебоӣ, масъулият-ояндаи ҷомеа» чорабинӣ гузаронида мешавад.Дар доираи чорабиниҳои ҳафта дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-парваришгоҳҳо, боғчаҳои бачагонаи шаҳру навоҳии вилоят гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои фарҳангӣ «Суханвари беҳтарин», «Овозхони беҳтарин», «Рақси беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Чирадасти моҳир» ва бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд намудани ғолибон ба нақша гирифта шудааст. Беҳтаринҳо барои соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ рӯзи 30 май дар озмуни вилоятӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуда, бо туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида мешаванд. Дар озмуни мазкур кӯдакони то 18-сола иштирок карда метавонанд.Барои ишғоли ҷойи аввал ба 6 нафар Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ, ҷои дуюм ба 6 нафар Ифтихорнома ва 300 сомонӣ ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ барои 8 нафар иштирокчии фаъоли озмунҳо ва 6 нафар мураббӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ пешбинӣ шудааст.Мақсади озмун бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб ва ба ҳуқуқвайронкунию ҷиноят даст задани ноболиғон, дарёфти истеъдодҳои беҳтарин аз миёни кӯдакон мебошад.

Май 25, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст