С. Жао: «Чанд лоиҳаро барои рушди иқтисодиёти ҶТ амалӣ хоҳем кард»
Душанбе, 18. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Сиаою Жао баъди мулоқот бо Сардори Давлат дар назди хабарнигорон изҳор намуд, ки аз он дастовардҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушди иқтисодиёти кишвар ноил гаштааст, дар ҳайрат мондааст.
Намояндаи ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин зикр намуд, ки ҳангоми суҳбат бо Ҷаноби Президент аз ниятҳои ҷониби Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои иқтисодӣ бохабар шуда, дар бораи бисёр масъалаҳое, ки имрӯз барои ҳукумати ҶТ афзалиятнок ҳисоб мешаванд, маълумоти хуб гирифтааст. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои ба рушди иқтисодиёти ҶТ нигаронида шуда бо Ҳукумати ҶТ, сохторҳои бонкии кишвар ва инчунин бо соҳибкорони кишвар дар оянда аз наздик омодагии ҳамкорӣ карданро баён намуд.
«Мо ба мувофиқа омадем, ки як барномаи нави ҳамкориҳоро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин тарҳрезӣ кунем. Тавре ки шумо медонед, Бонки давлатии рушди Чин имрӯз яке аз бонкҳои пешқадамтарини дунё мебошад, ки ба кишварҳои гуногуни дунё қарзҳо пешниҳод карда истодааст ва маблағи умумии карзҳое, ки имрӯз мо ба кишварҳои хориҷӣ пешниҳод намудем, 300 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вобаста ба маблағҳои пешниҳодкардаи мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ман гуфта метавонам, ки имрӯз барои боз ҳам беҳтар кардани муносибатҳои байни Бонки давлатии рушди Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонид. Гурӯҳҳои мо ва инчунин ҳамкорони мо метавонанд барои беҳтар намудан ва ё баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар оянда лоиҳаҳои бисёреро амалӣ намоянд. Мо дар ояндаи наздик якчанд лоиҳаро барои рушди иқтисодиёти ҶТ амалӣ хоҳем намуд ва дар ин ҷода мо интизор ҳастем, ки бо дастгирии Ҳукумати ҶТ бо сохтори бонкӣ ва инчунин бо соҳибкорони кишвар аз наздик ҳамкорӣ мекунем»,-иброз намуд Сиаою Жао.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






