Сафари донишҷӯёни ДДХ ба Эрон
Душанбе, 25.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо талошҳои пайвастаи Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва эътирофи анъанаҳои халқҳои ҳамзист ба миён оварда шуд. Раҳбарияти давлату Ҳукумат имрӯз ба неруи зеҳнию ҷисмонй ва эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарастии ҷавонон такя карда, ташаббусҳои онҳоро дастгирӣ ва барои рушди шахсияташон шароити мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷумла ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалй гардонида шуда, татбиқи барномаҳои дигар идома дорад.
Яке аз иқдомҳои неки Сарвари давлат дар таҷлили Рӯзи ҷавонон фиристодани гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Донишҷӯёни мазкур барои хониши аъло ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ бо дастур ва супориши бевоситаи Сарвари Давлат ва бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон аз мавзеъҳои таърихии ин кишвар дидан карданд.
Аз 10 то 17 майи соли равон 10 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба шаҳрҳои Теҳрон, Ҳамадон ва Табрези Эрон сафари шиносоии илмию маърифатӣ анҷом доданд. Зимни сафар онҳо аз осорхонаҳои таърихй, марказҳои фарҳангӣ, мақбара ва зиёратгоҳҳои Абӯалӣ ибни Сино, Бобо Тоҳири Урён, Камоли Хуҷандй аз наздик дидан карда, бо таъриху тамаддун ва ашъори классикони форсу тоҷик ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамчунин бо донишҷӯён, устодон ва шахсиятҳои маъруфи ирфону маърифати донишгоҳҳои шаҳрҳои Ҳамадону Табрез вохӯриҳо гузаронида, оид ба ҷараёни таҳсил ва тарзи зиндагии худ табодули афкор анҷом доданд. Дар ҳошияи сафар 16 май аз намоишгоҳи 28-уми байналмилалии “Китоби Теҳрон” дидан намуда, бо асарҳои шоирону нависандагони машҳури ҷаҳон шинос шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






