Ситоди амалиёти Кӯкнор-2015
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар таҳти роҳбарии муовини аввал, роҳбари Ситоди кории ҷумҳуриявӣ Зафар Самадов ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти Кӯкнор-2015 баргузор гардид.Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2015, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.Нақшаи гузаронидани чорабинӣ оид ба гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2015 тасдиқ гардид, ки ба он самтҳои асосӣ дохил мешаванд.Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, ВКД, КДАМ, Хадамоти гумрук ва вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронидани амалиёти байналмилалии СААД Гром-2015 дар назар аст.Бояд зикр намуд, ки барои гузаронидан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила — аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






