Суғд: санги асоси биноҳои баландошёна дар Сайҳун
Хуҷанд, 04.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-1 май дар шаҳраки навбунёди Сайҳуни вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба сохтмони 10 адад бинои истиқоматии 12 ошёна санги асос гузошта шуд. Зимни иштирок дар гузоштани санги асос Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки як қисми ин биноҳои истиқоматӣ то арафаи Наврӯзи соли 2016 ва қисми дигар то моҳи сентябри соли 2016 сохта шуда, онҳо бо тарҳу намуди муосир бунёд гардида, тибқи нақша дар онҳо ҷойгирсозии марказҳои хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт низ дар назар дошта шудааст. Ба иттилои раиси вилоят алҳол ба мавзеи мазкур оби нӯшокиву полезӣ оварда шуда, корҳо дар самти кашидани хатти ташноб низ идома доранд ва дар солҳои наздик дар минтақаи маскур беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Истиқлол, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров бо манзили зист таъмин хоҳанд гашт, зеро солҳои охир аҳолии ин шаҳру ноҳияҳо хеле афзуда, шумораашон ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишн бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд, зеро тибқи нақшаи генералии шаҳраки навбунёд соҳибкорон низ метавонанд дар бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мактабу марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ саҳмгузор бошанд.
Инчунин худи ҳамон рӯз бо иштироки раиси вилоят ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров, дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун аз тариқи қуръакашӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуданд. Зимни тақсимоти замини наздиҳавлигӣ Абдураҳмон Қодирӣ баен дошт, ки оилаҳои мазкур ба таври ройгон бо сертифакатҳои ҳуқуқи истифодаи замин таъмин хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳраки Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






