Тақдими техникаи обёрӣ ба аҳолии Исфара
Душанбе, 27.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғаффоров ва намояндагони Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара дар маъракаи тақдими техникаи обёрӣ ба аҳолии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд иштирок карданд.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Ҳукумати ИМА ба воситаи лоиҳаи USAID “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” барои барпо намудани шарикӣ ва вусъати ҳамкории байнисарҳадӣ байни ҷонибҳои идоракунандаи оби Тоҷикистону Қирғизистон дастгирӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, Маркази минтақавии экологии Осиёи марказӣ (CAREC) лоиҳаеро амалӣ мегардонад, ки он барои таъсиси шӯроҳо оид ба идораи ҳавзаҳои хурди об кумак мерасонад. Шӯроҳои мазкур дар якҷоягӣ нақшаи фаъолияти байнисарҳадиро барои рушди пойдори ҳавзаҳои об тартиб медиҳанд. Инчунин шӯроҳои мазкур ҳамкориро байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ, истифодабарандагони об, деҳқонон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиатдор вусъат медиҳанд.
Ба ғайр аз ин, лоиҳаи мазкур муколамаи фаромарзиро тавассути рушди ҳамкорӣ байни ҷонибҳои идоракунандаи оби ҳавзаҳои хурди Осиёи марказӣ баланд мебардорад. Ин фаъолият дар се дарёи хурди байнисарҳадии Осиёи марказӣ — Аспара, Исфара ва Угам — амалӣ мегардад. Аз сабаби сатҳи баланди таҳшиншавӣ шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби ноҳия Исфара тоза кардани каналҳои обёриро яке аз фаъолиятҳои афзалиятнок муайян намуд. Онҳо гранти аз USAID гирифташударо дар ҳаҷми 50 000 доллари ИМА барои хариди трактор сарф карданд, ки онро барои тоза кардану нигоҳ доштани канали обёрӣ истифода хоҳанд кард. Имрӯз ин трактор ба Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара супорида шуд. Шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби Қирғизистон низ қарор карданд, ки барои тоза намудани каналҳои обёрӣ трактор харид намоянд.
Сафир Эллиотт иброз дошт: “Эҳтимолан, идораи захираҳои муштараки об ва энергетика аз масъалаи муҳими стратегӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад. Энергетика ва об метавонанд манбаи муноқиша ё дар ҳолати идораи самараноки он манбаи ҳамкорӣ, рушди иқтисод ва сулҳу субот бошад.”
Лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” аз лоиҳаҳое мебошад, ки ҳамкориро барои дастигирии ислоҳоти бахши обёрии Тоҷикистон ташкил мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






