Таҷлили ҷашни ҷавонию зебоӣ дар Файзобод

Май 25, 2015 16:05

Файзобод, 25.05.2015.(АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бахшида  ба Рӯзи ҷавонон дар қасри  фарҳанги  ноҳияи Файзобод бо  ибтикори  бахши  ҷавонон,  варзиш ва  саёҳии ноҳияи Файзобод чорабинии  идона баргузор гардид, ки дар  он муовини  раиси  ноҳия  Сайбӣ Раҷабова , сардори бахши  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  ноҳия  Умед  Раҳимов ва  мудири   маорифи ноҳия  Файзулло Наҷмиддинов  ҷавонони  ноҳияро  бо ҷашни ҷавонию зебоӣ табрик  намуда, баҳрашон  рӯзҳои нек,  саодатмандию зиндагии осударо таманно  карданд.
 Сардори  бахши  ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳии ноҳия  Умед  Раҳимов барои  саҳмгузорӣ  ва иштироки  фаъолона   дар  чорабиниҳои  «30 рӯзи ҷавонӣ»  ва «Ҷавонон  давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» ба  фаъолҷавонони ноҳия  ва ташкилоту   муассисаҳои  таълимии  ноҳия  ифтихорнома ва  туҳфаҳои  хотиравӣ тақдим  кард.
 Ҳамчунин  мудири  маорифи ноҳия  Файзулло Наҷмиддинов  ба  устодон  ва  толибилмоне, ки  дар  озмунҳо  ва  олимпиадаҳои  ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ғолиб омада буданд,  диплому  сертификат  ва  ифтихорномаю медалҳо  супориданд.
 
 

Май 25, 2015 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид