Таҷлили Рӯзи оила дар Нуробод
Нуробод, 16.05.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бахшида ба иди байналмилалии оила ва эълон гардидани соли 2015 соли оила дар ноҳияи Нуробод ҷамъомади бошукӯҳу хотирмон баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини аввали раиси ноҳия Мирзоумар Давлатов аҳли ноҳияро бо иди фархунда табрик намуд. Иштирокчиёнро мудири САҲШ-и ноҳия Дилором Сафоева, раиси ҷамоати деҳоти Сафедчашма Одинамаҳмад Раҷабов, собиқадори меҳнат Боғигул Қаландарова, корманди соҳаи тибби ноҳия Шаҳристон Шокирова ва дигарон бо Рӯзи оила табрик намуда, барои пойдории оилаҳои ҷавон маслиҳатҳои судбахш доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва раисони шаҳраку деҳот ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар анҷоми ҷамъомад ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини кансертӣ хотири ширкаткунандагонро болида гардониданд.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






