Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 23.05.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Табрики Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Созандагони Ватан!Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона табрик менамоям.Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва Шумо — ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон устуворона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбияи ёфтани ҷавонон муҳайё сохтаанд. Агар каме ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳамагӣ пас аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ парлумони кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонд, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Ин иқдом аз ҷониби парлумон ҷиҳати дастгирии ҷавонон таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки чунин қонунро қабул намуд. Ҳадафи асосии қонуни мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.Имрӯз низ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвар қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 майи соли 2013 бо боварӣ изҳор намуданд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”Хурсандиовар аст, ки боварии Президенти кишвар ба ҷавонон дар тарбияву ба камол расидани онҳо низ бетаъсир буда наметавонад. Зеро дар арафаи иду ҷашнҳо ва дар мулоқоти алоҳида пайваста ба ҷавонон насиҳатҳои падарона намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо қарорҳои дахлдор мебароранд.Ҷавонони саодатманд!Пас аз мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа — Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумита сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷавонон татбиқ намуда, то имрӯз барои дастгирии ҷавонон ва ба камол расидани онҳо тамоми корҳои заруриро анҷом дода истодааст. Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!” қабул гардид, ки дар доираи он садҳо чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию варзишӣ доир карда шуд.Ҷавонони гиромӣ!Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромӣ таманно дорам.Ҳамеша муваффақ бошед!








ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд






