Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, Шӯрои адлия, мақомоти судӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳо ба миён овард.Ҳамин тариқ, таъйин шуданд:- Нурмаҳмадзода Ҷамшед – раиси Бонки миллии Тоҷикистон;- Нуралиев Ҷамолиддин Камолович – муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон;- Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ – Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»;- Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон;- Қурбонов Ибодулло Каримович – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Олимов Миралӣ Назриевич – муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Вализода Икромиддин Сироҷиддин – муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Шоев Рустам Мирзохоҷаевич – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Кенҷаев Муҳамадҷон Масеҳҷонович — муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Маҳмадов Ҷамшед Бобохонович – муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Каримзода Хуршед Абдураҳмон – муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Сайдализода Суҳроб Қурбон — муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Каримов Тоир Авғонович – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Мирзоев Зоҳир Тоҳирович – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия;- Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич – ректори муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон;- Ашурова Шаҳло Сайфуллоевна – директории муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Ғоибов Алиҷон Ҷураевич – президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Садирзода Нусратулло Абдулло – раиси суди шаҳри Душанбе;- Қурбониён Алишо Нарзулло – муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе;- Саидзода Гулбону Исуф — муовини раиси суди шаҳри Душанбе;- Абдураҳимов Асомудин Бобохонович — муовини раиси суди шаҳри Душанбе;Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҷамол Шариф аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлия ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидова Қаноат Иброҳимовна аз вазифаи директори Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарду бинобар сабаби расидан ба синни нафақа озод карда шуданд.Ғайр аз ин, 11 нафар аз вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа ва як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳои қаблӣ озод карда шуданд.Ба ҷойи кадрҳои ба нафақа рухсатёфта мутахассисони ҷавону ояндадор ба ин вазифаҳо таъйин гардиданд.Тавре аён аст, роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе пурра иваз карда шуд.Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.Ба масоили вобаста ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар аз тамоми имкониятҳо бояд босамар истифода карда шавад.








ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд






