Такмили механизми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Май 14, 2015 09:05

Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, пайваста дар баромадҳояш доир ба дастгирии қишри осебпазири ҷомеа таъкидҳо менамояд. Тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид: «Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад».
Воқеан, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли афзоиш буда, бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкиситон ҳамасола зиёда аз 50 фоизи буҷети давлат баҳри беҳбудии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад.
Яке аз шаклҳои нави дастгирии иҷтимоӣ механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ мебошад. Тибқи иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуруъ аз соли 2011 дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, соли 2013 иловатан шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Хуҷанд, ноҳияҳои Шуғнон, Фархор, Ҳисор, Файзобод ва Айнӣ низ ба рӯйхати шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ шомил шуданд.
Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба 25 адад расонида шуда, механизми мазкур дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Тавилдара низ ҷорӣ  шуд.
Қобили зикр аст, ки ин барнома бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Мустаҳкам намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” қабул гардида, амалишавии он ба уҳдаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст.
Ҳамин тариқ, дар 25 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ воҳидҳои кории иловагӣ, аз ҷумла, 25 воҳиди кории мутахассис — коргузор оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (котиби озод), 25 воҳиди кории курйер ва 180 воҳиди кории кормандони иҷтимоии ҷамоатҳо ва кумитаҳои истифодаи манзил таъсис дода шуда, 230 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.
 

Май 14, 2015 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад