Тамдиди гирифтани патент ба 90 рӯз мерасад

Май 28, 2015 16:31

 
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки иттилоъ додем, имрўз, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  10-уми  Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 ба кори худ оғоз кард. 
Бино ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Толибҷон Шарипов имрӯз давлати асосии қабули муҳоҷирони тоҷик Федератсияи Русия ба ҳисоб меравад. Маҳз барои ҳамин ҶТ бо ФР ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. 
«Гурӯҳи корӣ мунтазам ҳар як нимсола дар шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Маскав ҷаласа барпо намуда, дар он  масъалаҳои рӯзмарра  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Имрӯз мо 5 масъаларо баррасӣ намудем, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ хеле заруранд. Тавре ки маълум аст, аз 1 январи соли 2015 ягона ҳуҷҷате, ки барои кор кардан дар ҳудуди ФР иҷозат медиҳед, ин патент мебошад, яъне, аз тариқи патент шаҳрвандони мо ҳуқуқи  ҳам дар тобеияти шаҳрвандони ҳуқуқӣ ва ҳам инфиродӣ фаъолият карданро доранд. Лекин бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои барои гирифтани патент пешниҳод мешуда аз 4 ба 8-то расиданд. Барои ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ вақти зиёд лозим аст. Аз ҷумла, муҳоҷир бояд сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлатдорӣ ва маълумоти тиббиро пешниҳод намояд. Тавре ки то имрӯз мебинем, бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муайяншуда, яъне  30 рӯз имкони ҷамъоварии тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро надоранд. Бинобар ин мо  имрӯз бо ҷониби Русия ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додем ва таъкид шуд. ки ин муҳлат аз 30 рӯз ба 90 рӯз тамдид карда шавад. Албатта, имрӯз боз дигар масъалаҳои мубрам вобаста ба муҳоҷират ҳалли худро хоҳанд ёфт»,- илова намуд Т Шарипов.  
Ба гурӯҳи корӣ аз ҷумла намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд. 

Тавре ки муовини  якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ  ва нафақаи  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назокат Одиназода гуфт : “Яке аз мақсадҳои  вохӯрии имрӯза- ин   ба татбиқ расонидани созишнома байни ҶТ ва ФР бо мақсади фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии  ду давлат, ки дар ҳудуди ФР ё ҷумҳурии мо фаъолият мекунанд, мебошад. Яъне, бо имзои ин созишнома  ҳар як муҳоҷир баъд аз бозгашт ба ватан ҳуқуқи муроҷиат кардан барои гирифтани нафақаро дорад, ки қонунгузории мо низ инро кафолат додааст.  Дар  созишномаи мо  қайд шудааст, ки андози иҷтимоие, ки муҳоҷир пардохт менамояд, баъд аз бозгашт ба суратҳисоби шахсии вай интиқол дода шавад ва аз саҳми гузоштааш нафақа муайян гардад.  Яъне, барои таъйини нафақа ҳатман андози ҳар як муҳоҷир  бояд дар буҷаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ  ва нафақаи ҷумҳурӣ захира шавад. Аз соли 2004 то инҷониб якчанд созишнома ба ҷониби Русия ирсол гардида, лекин то имрӯз аз ҷониби Русия ягон пешниҳод ва ё эрод  ирсол нагардидааст. Моҳи январи соли равон мутахассисони  агентии мо созишнома таҳия карда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карданд ва он созишнома  ба ФР фирисода шуд. Имрӯз мо дар вохӯриамон ин масъалаҳоро баррасӣ карда, умед дорем он ҳалли худро  меёбад ва ҳамкории мо бо ФР идома ёфта, созишномае, ки ҳарду ҷониб сари он кор карда истодаанд, тасдиқ мегардад”. 
Хотиррасон мекунем, ки иштирокчиёни ҷаласа  масъалаҳои  оид ба омодагии тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии 4 адад  лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) баррасӣ намуданд.  
Инчунин дар ҷаласа  вобаста ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии мақомоти муҳоҷирати тарафҳо,  кори гурўҳи экспертӣ доир ба баррасии 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ гардидааст,  оид ба ҳалли масъалаи эътирофи сертификатҳои тиббӣ оид ба вазъи  саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оид ба ҳолати амалишавии муқаррароти Протоколи байниҳукуматӣ аз 29 октябри соли 2013, ки иҷозати кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати то 3 сол муайян кардааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 
 

Май 28, 2015 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд