«Тозагии соҳил-2015»- иқдоми ободкорона

Май 26, 2015 09:24

Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Бо мақсади пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёю каналҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар тоза намудани соҳилҳо дар шаҳри Ваҳдат иқдоми «Тозагии соҳил-2015» баргузор гардид, ки дар он кормандони ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоатҳои деҳот, дар маҷмўъ зиёда аз 450 шаҳрванд фаъолона иштирок намуданд. 
Мавзеи гузаронидани иқдом ҳудуди шаҳри Ваҳдат- ҷамоатҳои деҳоти Гулбоғ, Баҳор, Симиганҷ ва Чўянгарон буд. Барои кашонидани партовҳо 3 адад мошини боркаш ва борбардор аз ҳисоби Муассисаи манзилию коммуналӣ, Идораи хоҷагии об, КВД ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сафарбар шуд. Ҳудуди 5 километр соҳили манбаъҳои обӣ тоза шуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 25 метри мукаабро ташкил намуд. 
Иқдоми «Тозагии соҳил-2015» ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид. 
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод зимни иҷрои нақшаҳои корӣ дар 9 ҷамоати ноҳия бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия  зиёда аз 890 нафар ба ҳашар баромада, 49м3 партовҳоро аз соҳили ҷўйбору дарёҳо ҷамъоварӣ намуда, ба партовгоҳ бароварданд, ки дар натиҷа ба миқдори 1043 м дарёву каналҳо аз партовҳо тоза шуданд. 

Май 26, 2015 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст