Вохӯриҳои М.Ҷабборӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар ҳошияи сафараш ба ноҳияи Шаҳритус аз Беморхонаи марказии ноҳия боздид намуда, бо шароити фаъолияти духтурон шинос шуд.
Муовини Сарвазир аз литсейи касбии техникӣ, ки дар он мутахассисони соҳаҳои мухталифи техникӣ тарбия мешаванд, боздид намуд. Мавсуф зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни литсей изҳор дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ кадрҳои ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
«Ояндаи хатмкунандагон вобаста ба вазъи тарбияи онҳост. Халқи тоҷик бо маърифату фарҳанги худ ва тарбияи наврасон ҳамеша фарқ мекард, бинобар ин ҷавонон бояд ба қадри ғамхориҳо дар ҳаққашон расанд »,-гуфт М.Ҷабборӣ.
Муовини Сарвазир ба роҳбарияти литсей дастур дод, ки барои таъмини таҳсилоти хушсифати насли ҷавон ҳамаи имконоти мавҷударо истифода намояд.
Сипас М.Ҷабборӣ бо деҳқонони хоҷагии «Раҳматшобобо» вохӯрд. Алҳол деҳқонони хоҷагии мазкур дар масоҳати 6 гектар кишт карда, қисми зиёди деҳқонони онро занон ташкил медиҳанд. «Тарбияи насли наврас ва рушди тиб ба андозаи зиёд вобаста ба занон аст. Агар мо дар ҷараёни тарбияи ҷавонон ба саҳлгирӣ роҳ диҳем, ин метавонад ба ояндаи насли ҷавон таъсири манфӣ расонад»,- зикр намуд М.Ҷабборӣ.
Занони хоҷагӣ гуфтаҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли самимият пазируфта, изҳор доштанд, ки онҳо ҳамеша ба рушди ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
М.Ҷабборӣ дар ҷамоати Сайёд аз маҷмааи таърихии «Хоҷа Машҳад» боздид намуда, ҳамчунин бо фаъолияти ҷавондухтароне, ки ба бахиядӯзӣ машғуланд, шинос шуд.
Сипас М.Ҷабборӣ бо аъзои оилаи Муродалиевҳо шинос шуд. Қобили зикр аст, ки хонаводаи мазкур ҳафт писар дорад, ки аксарияташон дорои маълумоти олӣ буда ва он барои мардуми ноҳияи Шаҳритус намуна аст.
«Бояд корҳои тавзеҳотии байни ҷавонон роҳандозӣ шуда, натиҷаҳои хуби тарбияи насли наврас аз мисоли чунин оила дар байни мардум ташвиқу тарғиб гарданд »,- афзуд дар хотима муовини Сарвазир.
Марҳабо Ҷабборӣ ҳамчунин аз мактаб-интернати ноҳияи мазкур боздид намуда, бо шароити зиндагӣ ва таълими хонандагон шинос шуд ва ба кӯдакон китобҳои ҷолибро тақдим намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






