Ю. Раҳмон: «7700 шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои Русияанд»
Душанбе, 20.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Алҳол дар маҳбасҳои Русия 7 ҳазору 700 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гуноҳҳои мухталиф адои ҷазо менамоянд»,- гуфт Юсуф Раҳмон –прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 май дар назди вакилони Парлумони кишвар. Мавсуф афзуд, ки бо вуҷуди оне, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия Шартнома дар мавриди бозпас гардонидани маҳбусон, инчунин Конвенсияи Минск аз соли 1993 вуҷуд дорад, мо мутаассифона, имконияти бозпас гардонидани тамоми маҳбусонро ба кишвар надорем. Юсуф Раҳмон таъкид кард, ки соле ба Тоҷикистон ҳудудан аз 50 то 100 нафар маҳбуси тоҷик аз Русия бозпас гардонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки 20 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагонро ба тасвиб расонданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






