Ҳатто «ал-Қоида» ваҳшонияти ДИИШ-ро маҳкум мекунад

Июнь 29, 2015 03:46

Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ал-қоида, ки худ созмони террористӣ аст, ваҳшонияти ба номи «Давлати исломӣ»-ро, маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, созмони террористии «ал-Қоида» ваҳшонияте, ки ҷангиёни ДИИШ нисбати мусулмон раво мебинанд,   маҳкум карда, изҳор доштааст, ки «шумо ҳаргиз биҳиштро нахоҳед дид».

Ин хабарро аз забони Адам Гадан, намояндаи воломақоми ал-Қоида»  ABC News интишор намудааст.

Ин изҳорот дар посух ба таркишҳои пурдаҳшати марговари ДИИШ дар як меҳмонхонаи Тунис ва масҷид дар Кувайт садо додааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бар асари 2 таркиш дар меҳмонхонаи Тунис беш аз 40 нафар ва дар масҷиди Кувайт ҳангоми адои намози ҷумъа 27 нафар аз ҷониби ҳамлагарони худкуши ДИИШ кушта шуданд.

 

Июнь 29, 2015 03:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад