Ф. Баротзода: «Меъмори асосии Ваҳдати миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст»
Душанбе, 26.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки иттилоъ додем, 25 июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Ваҳдат – омили асосии рушди устувор» баргузор гардид. Дар он олимон, муҳаққиқон, мутахассисон аз идораву ташкилотҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Файзулло Баротзода дар мавзуи «Таносуби арзишманди Ваҳдати миллӣ ва ваҳдати динӣ» маърӯза намуд, ки муҳтавои он чунин аст:
Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорча¬гӣ ва иттифоқи байни воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвар муяссар намешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ кашад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонанд. Ва ё дар кишваре абарқудрат ҳам ходиса¬ҳое рух дода метавонанд, ки як муддат пешгирӣ ё идора намудани равандҳои мудҳиши он имконнопазир мегардад. Ба назари мо, ин ҷо қонунҳои нонавиштае амал мекунанд, ки тару хушкро ҳангоми ба таҳрик даромаданашон ба коми худ фурў мебаранд. Ҳарчанд чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст андешида шаванд ҳам, дар бисёр ҳолатҳо пешгирӣ намудани оқибатҳои нохушоянди ин раванд дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи зидҳо» номумкин мегардад.
Тавре ки маълум аст, аст гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар платформаи ягонаи рушди мардумони порснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тўли ҳазорсолаҳо дар муҳити гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд ва дар шароити қурунивустоӣ ба таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён комёб шуданд. Тибқи далолати маълумоти сарчашмаҳои таърихию динӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ порснажодон аз замони падид омадани рўзгор дар рўйи замин сукунат доштаанд ва ба пиндори онҳо Эзид дар ҷаҳон нахустин чизе, ки офарид марде ва гове буд. Ин мард Каюмарс ном дошт, ки маънои он «зиндаву гўё ва миро бувад». Ва порсиён гуфтаанд, ки Каюмарс ҳамон Одам аст. Ва нахустин подшоҳӣ андар ҷаҳон аз они Пешдодиён будааст. Донишмандони қавмҳои дигар падари порсиён будани Каюмарсро эътироф доранд, вале дар Одами Абулбашар будани ў ихтилоф кардаанд. Вале чизи аз ҳама муҳим он аст, ки ба қавли умум мулки Каюмарсу фарзандонаш ба сарзамину кўҳистони Машриқ пайваставу бардавом ва муттасил будааст ва он пушт ба пушт, подшоҳ ба подшоҳ то ба рӯзгори Яздигурд ибни Шаҳриёр омада мерасад, ки замони паҳншавии ислом дар Марв кушта шуд. Аҳли илм аз ҳамин сабаб иқрор доранд, ки ҷобаҷогузории таърихи куҳани башарият дар асоси зиндагӣ ва рушди сулолавии подшоҳони порсиён аз ҳама дурусттар ва возеҳтар хоҳад буд. Гузаштаи ниҳоят дури таърихии эронитаборон дар матни сулолаи асотирии Пешдодиён ва подшоҳонашон – Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед ва Беваросп таҷассум ёфтааст, ки тибқи ривоятҳои то ба мо расида ҳар яке дар ташаккули давлатдорӣ ва расму ойини умумибашарӣ, мисли кони зару симу оҳан берун овардан, ихтирои пўстинҳо ҳамчун либос, ободон кардани биёбонҳо, шикоромўзӣ, силоҳи ҷангию олоти корӣ, либосу рангҳо ҷорӣ кардан ва ниҳоят ойини додгустарӣ ва подшоҳии одилона паҳн кардан корҳоеро анҷом додааст, ки тафсилоти он дар «Таърихи Табарӣ» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ваҷҳи некў баён гардидааст.
Аммо марҳилаи таърихии кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди пайдарҳами сулолавӣ (перманентное династийное развитие) машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт». Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раъият ва мўъбади мўъбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдории мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (theinventionoftradition)-ро ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи пайдоиш ва густариши ҷаҳонбинии динӣ ва шиддати давлатсозиҳо тамоми суннату анъанаи тоҷикону порснажодон дар матни платформаи фарҳангсолории «Наврўз» ҷамъбаст гардид. Дар ин ниҳод 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих (мифологизация истории), қудсияти забон (сакрализация языка) ва рушди устувори сулолавӣ (перманентное династийное развитие). Бояд эътироф намуд, ки дар давраи рушди тоисломии фарҳанги тоҷикону порснажодон низоми табақавии муносибат то андозае пеши роҳи рушди истеъдодҳо дар ҷомеа мегардид, зеро омўхтани илм танҳо ба мўъбади мўъбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдуд буд. Ҳамин ҷиҳат бартарияти дину фарҳанги исломиро барозанда кард, дар ҳоле ки аслан сипоҳиёни ислом ҳеҷ гуна имконияти мантиқию назариявии ғолиб омадан бар империяҳои Руму Сосониёнро надоштанд. Ислом бо шиори талаби илм ва эълони баробарии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғамбар ба неруи тўли садсолаҳо нуҳуфтаи раъияти порснажод имконияти татбиқи амалӣ дод ва потенсиали ақлонию ҷисмонии онҳоро ошкор кард. Аз ҳамин сабаб тоҷикону порснажодон дар садаҳои аввали ислом тавонистанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён кунанд. Аммо корҳои масарратбахши ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллтгароии муосир Хобсбаум, Гелнер ва дигарон тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Амирони давлати миллии тоҷикон – Сомониён нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монданд ва дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Дар ҳоле ки ин корҳоро миллатҳои аврупоӣ дар асрҳои XVII-XVIII анҷом доданд ва агар юришҳои турку муғул рўй намедод, дар ҷомеаи тоҷикон ташаккули мафҳуми миллат ба маънои имрўзааш ҳамон асрҳо татбиқи амалӣ пайдо мекард. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣ табдил диҳад ва дар майдони ҳувияти худ мувозинатро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ ба вуҷуд оварад. Ва дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб кард ва ба унсури фарҳангофарин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт. Ин мақом андаруни теъдоди нусхаҳои хаттии ба ин забон китобатшуда, ки то ҳанўз шумораи ниҳоии онҳо маълум нест, нуҳуфта аст. Аз ин рў, пос доштани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пайванди ногусастании он бо омўзиши нусхаҳои хаттӣ ва осори илмию динӣ гарави бақои миллат ва пойдории давлат хоҳад буд.
Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ бояд гўем, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурўҳи асосии қудратхоҳ рўи кор омад: яке нерўи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рўҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду нерўи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо карданд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду нерўҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Исломгароён бо ин рафтори худ ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик латмаи чонкоҳ ворид намуданд. Ин раванд ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина омода карда, тадри¬ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар¬зиш¬ҳои воло ва муқадда¬соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок мекард, вале тасав-ву¬ри бисёрҳизбию ҷаҳонбинии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ мунҳа¬сир кардани равандҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета¬вонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонад. Хулосаи калом, дар солҳои 1992-1997 ҳар чизе шуданӣ буд, шуд.
Аммо агар аз рўйи инсофу адолат баҳогузорӣ кунем, меъмори асосии Ваҳдати миллии Тоҷикистон танҳо ва танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Саволе ба миён омаданаш мумкин аст: “Чаро?” Зеро дар вазъияти ба амаломада тамоми заминаҳо барои бархўрди бардавоми мусалла¬ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон мавҷуд буд, ба истилоҳи асримиёнагӣ аҷал дунболагири мардум буд ва гурўҳҳои мусаллаҳи разманда ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд ақаллияти созанда (creative minority)пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини пешвои ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дўш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997 расонанд.