Касе моро дар Ватани бегона интизор неcт

Июнь 27, 2015 06:20

Душанбе, 27.06.2015.(АМИТ «Ховар», Муроди Мурод).-Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, воқеаҳои мудҳиши соли 1992 оқибатҳои нохуш доштанд. Бар асари муқовимати сиёсӣ, ки баъдан ба ҷанг мубаддал гашт, садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ кушта шуданд. Қисмате бо амри тақдир ҳамчун гуреза ба давлати ҳамсоя — Афғонистон рафтанд. Саодат Иброҳимова, сокини ноҳияи Бохтар он солҳои мудҳиш якҷоя бо аҳли оилаи худ ба вилояти Мазори Шарифи Афғонистон рафт. Ба  гуфти  Саодат шароит дар бошишгоҳи онҳо хеле вазнин буд. 

«Аз рӯзи аввале, ки ба Афғонистон рафтам, ҳама вақт дар фикри бозгашт будам. Хушбахтона, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо гурезагон ба Ватан баргаштем»,- мегӯяд Саодат.

Ба гуфти ҳамсуҳбатамон  модараш дар хоки бегона фавтид ва ӯро дар ҳамон ҷо ба хок супурданд. Ва ин албатта, аламовар аст, ки бо айби бадхоҳон ва  сиёсатмадорони беандешаи мухолифин  ҳазорон нафар ҷон бохтанд.

Алҳол Саодат ҳаёти осоишта дошта, ду фарзанди худро тарбия мекунад ва мунтазам ба онҳо мегӯяд:  «Ватани худро дўст доред. Касе моро дар ватани бегона интизор нест ва ғами моро намехӯрад. Мо танҳо дар ватани аҷдодӣ-Тоҷикистони азиз худро осудаю ором ҳис карда метавонем. Аз ин рӯ зарур аст, ки ба қадри неъматҳои кишвари биҳиштосоямон расем». 

Июнь 27, 2015 06:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст