Муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои хоҷагидор кам карда мешавад

Июнь 30, 2015 03:43

Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи   санҷиши фаъолияти  субъектҳои  хоҷагидор», ки имрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, омадааст, ки муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рӯз, барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рӯз ва барои субъектҳои хурд 2 рӯз муқаррар шавад.
Тавре зикр гардид, лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст. Ҳадафҳои асосӣ аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои беасоси такрорию дурудароз  ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст.

Июнь 30, 2015 03:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад